Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як иёлат истифодаи шабакаҳоро барои ноболиғон маҳдуд кард. ВИДЕО


Раиси иёлати Юта дар Амрико рӯзи 23-юми март ду қонунеро имзо кард, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои ноболиғон маҳдуд мекунад. Бар асоси ин ду санад, наврасону ҷавонони то 18-сола пеш аз истифода аз шабакаҳое ба мисли Инстаграм, ТикТок ва Фейсбук бояд иҷозаи волидонро дошта бошанд.

Ҳамингуна Юта аввалин иёлат дар Амрико мешавад, ки намегузорад, наврасони то 18-сола бе иҷозаи падару модар аз шабакаҳое ба мисли Инстаграм, ТикТок ва ё Фейсбук истифода баранд.

Ин қонунҳоро Спенсер Кокс, раиси ҷумҳурихоҳи Юта, рӯзи 23-юми март имзо кард. Вай дар "Твиттер" навишт, ки иёлат "дигар намегузорад, моликони шабакаҳои иҷтимоӣ ба сиҳатии равони ҷавонони мо осеб бирасонанд".

Спенсер Кокс гуфт, "шабакаҳои иҷтимоӣ медонанд, ки маҳсулоташон заҳролуд аст. Абзорҳояшон тавре сохтаанд, ки муътод мекунад. Ҳамчун раҳбар ва волидайн мо ӯҳдадорем, бачаҳоямонро муҳофизат кунем".

Видеоро дар инҷо бинед:

"Истифода аз шабакаҳо бо иҷозаи волидон"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:30 0:00

Ду санадро дар ин бора аввали моҳ вакилони маҷлиси иёлат тасвиб карданд. Ин қонунҳо ба додгоҳ кашидани ширкатҳои соҳиби шабакаҳои иҷтимоиро осонтар мекунанд. Агар ки осеб расонида бошанд.

Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба кӯдакон дар Амрико ба як баҳси миллӣ табдил шудааст, чун дар кишвар як қонуне ҳаст, ки моликони шабакаҳои иҷтимоиро аз муҳокима дар додгоҳ эмин нигаҳ медорад.

Қонунҳои Юта, ки ширкатҳои мазкур мухолифаш ҳастанд, аз ҳар корбари шабакаҳои иҷтимоӣ пеш аз боз кардани саҳифа мехоҳад, собит кунанд, ки 18-сола ҳастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG