Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фавти 6 нафар бар асари тирпаронӣ дар яке аз мактабҳои Амрико


Дар натиҷаи тирпаронӣ дар яке аз мактабҳои хусусии шаҳри Нэшвилл, иёлати Теннессии Амрико, субҳи рӯзи душанбе шаш кас, аз ҷумла се кӯдак кушта шудааст.

Чанд каси дигар захмӣ гашт. Ҳамлагар ҳангоми боздошт ба қатл расид. Пулис қаблан гуфта буд, ки ҳамлагар як духтари ноболиғ аст, вале баъдан гуфта шуд, ки ӯ сокини 28-солаи Нэшвилл мебошад, аммо ному насабаш гуфта намешавад.

Дар ин мактаби хусусии Нэшвилл ҳудуди 200 кӯдак, аз синни боғча то синфи шашум таҳсил ва 33 омӯзгор кор мекунад.

Шаҳрдори Нэшвилл Ҷон Купер ба наздикони қурбониён ҳамдардӣ баён кард.

Ин 128-умин тирпаронӣ дар давоми як сол дар Амрико аст. Коршиносони Бюрои федеролии тафтишотии Амрико мегӯянд, дар Амрико занон бисёр кам даст ба тирпаронӣ мезананд. Онҳо ҳудуди 2 дарсади ҳамлагаронеро ташкил медиҳанд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ оташ мекушоянд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG