Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киев хостори нишасти вижаи Шӯрои Амният дар бораи силоҳи ҳастаии Русия шуд


Украина дар вокуниш ба тарҳи Русия барои ҷобаҷо кардани аслиҳаи ҳастаӣ дар Белорус, рӯзи якшанбеи 26-уми март хостори баргузории нишасти изтирории Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид шуд.

Украина дар вокуниш ба тарҳи Русия барои ҷобаҷо кардани аслиҳаи ҳастаӣ дар Белорус, рӯзи якшанбеи 26-уми март хостори баргузории нишасти изтирории Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид шуд.

"Изҳороти ахири Русия дар бораи хоҳиши ҷойгиркунии силоҳи ҳастаӣ дар Белорус боз як қадами иғвоангезонаи режими ҷиноии Путин аст, ки асосҳои Аҳдномаи манъи густариши силоҳи ҳастаӣ ва дар умум низоми амнияти байналмилалиро хатчадор мекунад", - гуфта мешавад дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Украина.

Русия яке аз аъзои Шӯрои Амният -- қудратмандтарин ниҳоди СММ аст ва Украина аз чаҳор узви дигари ин ниҳод -- ИМА, Бритониё, Фаронса ва Чин хостааст дар баробари ин "боҷгирии ҳастаӣ", вокуниш нишон диҳанд.

Украина ҳамчунин аз гурӯҳи ҳафт қудрати иқтисодӣ (G-7) ва Иттиҳоди Аврупо низ дархост кардааст, ки ба Белорус нисбат ба паёмадҳои ҷойгир шудани ин аслиҳа ҳушдор диҳанд.

Русия ки дар авҷи ҷанг бо Украина қарор дорад, барои аввалин бор аз нимаи даҳаи 1990 ба ин сӯ тасмим гирифтааст, то аслиҳаи ҳастаии тактикӣ дар берун аз марзҳои худ ҷобаҷо кунад. Ин амр гумонҳо дар бораи эҳтимоли рӯй овардани Маскав ба ҳамлаҳои ҳастаиро бештар кардааст

Михаил Подоляк, мушовири раиси ҷумҳури Украина гуфт, тарҳи Владимир Путин аз "тарс ва нигаронӣ" аз шикаст дар ин ҷанг сарчашма мегирад. Ин мақоми украинӣ афзуд, ки чунин тарҳе ҳамчунин ба маънои эътирофи Владимир Путин ба ҷурм ва ҷиноят аст, зеро ки бо ин кор Аҳдномаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаиро нақз мекунад.

Бо ин ҳол, Путин гуфтааст, ки Русия бо интиқоли аслиҳа ба Белорус, ки ба иловаи Украина бо се узви НАТО -- Лаҳистон, Латвия ва Литва ҳаммарз аст, ҳеҷ яке аз паймонҳои байналмилалии манъи густариши силоҳҳои ҳастаиро нақз намекунад.

НАТО тасмими Путинро "хатарнок ва ғайримасъулона" хонд ва Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо низ ба Белорус ҳушдор додааст, ки дар сурати мизбонии аслиҳаи ҳастаии Русия, бо таҳримҳои бештаре аз сӯи ин иттиҳодия рӯбарӯ хоҳад шуд.

Телевизиони давлатии "Россия-24" рӯзи шанбе мусоҳибаи Путинро нашр кард. Путин дар он гуфт, Русия мехоҳад, силоҳи ҳастаии худро бо дархости президенти Белорус Александр Лукашенко дар он кишвар ҷойгир кунад. Путин ҳамчунин гуфт, ки Русия се баробар бештар аз Украина силоҳ истеҳсол мекунад.

Русия як сол пеш бедалел ба Украина ҳамла кард. Дар ин ҷанг миллионҳо нафар овора ва ҳазорон нафар кушта шуданд. Аксар кишварҳои дунё ҳамлаи Русия ба Украинро маҳкум ва нисбат ба Русия таҳрим ҷорӣ карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG