Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳузури сафири Саудӣ дар ҷашни Наврӯзи сафорати Эрон дар Тоҷикистон


Сафирони Эрон ва Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон.
Сафирони Эрон ва Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон.

Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон дар ҷашни наврӯзии сафорати Эрон дар Душанбе иштирок кардааст.

Ба иттилои хабаргузориҳои Эрон, Валид бин Абдураҳмон Ар-Рошидин, сафири Арабистони Саудӣ, бо Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон, низ дидору гуфтугӯ дошт. Санаи дақиқи вохӯриро нагуфтаанд.

Собирӣ дар саҳифааш дар Твиттер навишт, "робитаҳои Ҷумҳурии исломии Эрон ва Арабистони Саудӣ ба унвони ду кишвари таъсиргузор ва муҳими ҷаҳони ислом дар минтақаи ғарби Осиё метавонад, заминасози эҷоди раванди нав ва нақше афзоянда дар хидмат ба манофеи кишварҳо ва миллатҳои минтақа бошад".

Ҳузури дипломати Арабистони Саудӣ дар сафорати Эрон дар Тоҷикистон дар ҳоле аст, ки баъд аз 7 соли душманиву хусумат, Эрону Арабистони Саудӣ рӯзи 10-уми март бо миёнравии Чин созиш кардаанд, ки дигарбора робитаҳои дипломатиро аз сар мегиранд.

Арабистони Саудӣ соли 2016 баъд аз юриши тазоҳургарон ба сафорати ин кишвар дар Теҳрон робитаҳои дипломатиашро бо Эрон бурид.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG