Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарари заминларзаро дар Рашт ҳисоб доранд


Пайомади зилзила дар Рашт. Акс аз Фейсбук
Пайомади зилзила дар Рашт. Акс аз Фейсбук

Масъули Идораи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Рашт гуфт, бар асари заминларзаи 23-юми март танҳо дар деҳаи Порвоғ 15 хона осеб дид, аммо ҳисоби умумии зарар маълум нест.

Шодмон Ғиёсов рӯзи 24-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, "маъмурони наҷот ва масъулони ҳукумати ноҳия дар ҷойи ҳодиса ҳастанд ва зиёни расидаро муайян мекунанд."

“Талафоти ҷонӣ нест,” – афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, сокинон Навобод ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бар асари заминҷунбӣ даҳҳо манзил дар ин ҷамоат зарар дид.

Бошандагони ҷамоати ба номи Боқӣ Раҳимзода низ бо фиристодани чанд акс хабар доданд, ки зилзила ба онҳо зиён расонд.

Акс аз Фейсбук
Акс аз Фейсбук

Заминларза нимашаби 23-юми март рӯй дод. Маркзаи онро вилояти Суғд ва дар наздикии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ гуфтанд.

Дар онҷо даҳҳо манзил осеб дида, беш аз сад чорво нобуд шудааст. Мақомот хисороти расидаро эълон накарданд, вале барои ҳисобу китоби он ва расондани ёрӣ кумисюн ташкил доданд.

Нерӯи заминларза дар марказаш 5-6 дараҷа, дар минтақаи Рашт 4-5 ва дар Душанбе 3-4 дараҷаи Рихтер арзёбӣ шуд.

Дар як ҳафтаи охир се зилзилаи шадид дар Тоҷикистон рӯй дод.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG