Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон барои таъмири роҳҳои Бодканд 5 миллион доллар медиҳад


Ҳукумати Ҷопон барои сохтани роҳҳои ба офатҳои табиӣ тобовар дар вилояти Бодканди Қирғизистон 5 миллион доллар кумак мекунад. Дар ин бора аз Вазорати молияи Қирғизистон хабар доданд.

Дар вазорати мазкур маросими имзои созишнома баргузор гардид. Созишномаро вазири молияи Қирғизистон Алмаз Бакетаев ва сафири Ҷопон дар он кишвар Хидеки Года имзо карданд.

"Ҳадафи асосӣ - таъмини ҳамлу нақли бехатар дар минтақаи Осиёи Марказӣ тавассути сохтани роҳҳо аст", - хабар додааст Вазорати молияи Қирғизистон.

Ин бори аввал нест, ки Ҷопон барои вилояти Бодканд мадад мерасонад. Моҳи октябри соли 2022 Ҷопон 1 миллион доллар ба ин вилоят ёрӣ расонида буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG