Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъоли қирғизистониро дар ҳабси хонагӣ гузоштанд


Ирис Жекшеналиев
Ирис Жекшеналиев

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзи 22-юми март муҳлати ҳабси пешакии фаъоли шаҳрвандӣ Ирис Жекшеналиевро дароз кард.

Нурбек Сиддиқов, вакили мудофеи Жекшеналиев гуфт, то 25-уми майи соли ҷорӣ дар ҳабс мемонад.

"Ҳамаи шоҳидонро пурсидем. Коршиносоне ҳам пурсида шуданд, ки аз ҷиҳати сиёсиву забоншиносӣ хулоса дода буданд. Онҷо ҳолати зидду нақиз ҳаст. Дар сурати одилона баррасӣ шудани парванда додгоҳ бояд Жекшеналиевро озод кунад", - гуфт Сиддиқов.

Вазорати умури дохилии Қирғизистон рӯзи 15-уми августи соли 2022 хабар дод, ки мудири саҳифаи фейсбукии "Полит Узник" бозпурсӣ ва боздошт шудааст.

Ирис Жекшеналиев 14-уми август дастгир шуда буд. Пештар ӯ дар саҳифаи "Полит Узник" изҳороти ду сол пеши раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии ин кишвар Абдил Сеғизбоевро дар робита ба кони ҷанҷолбарангези "Жетим-Тоо" нашр кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG