Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон Қуштеппаро "дар якдигарфаҳмӣ бо Узбекистон" месозанд?


Мулло Абдулғанӣ Бародар
Мулло Абдулғанӣ Бародар

Иҷрокунандаи вазифаи муовини сарвазири ҳукумати Толибон Мулло Абдулғанӣ Бародар гуфт, Афғонистон омода аст, тарҳи сохтмони наҳри Қуштеппаро аз дарёи Ому "дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ бо Узбекистон" амалӣ кунад.

Ин изҳорот дар мулоқоти намояндаи президенти Узбекистон дар умури сиёсати хориҷӣ Абдулазиз Комилов дар шаҳри Кобули Афғонистон рӯзи 22-юми март садо дод.

Мулло Бародар гуфт, ҷониби Узбекистон "дар мавриди сохтмони наҳр ё канали Қуштеппа ба ҳамкорӣ изҳори омодагӣ кард".

Намояндаи Толибон ҳам гуфт, "Афғонистон омода аст, наҳри Қуштеппаро дар ҳамкорӣ бо Узбекистон созад".

Ҳайати Узбекистон бо роҳбарии Абдулазиз Комилов рӯзи 22-юми март ба Афғонистон рафт.

Узбекистон аз шумори камтарин кишварҳои дунёст, ки баъд аз ғасби Кобул дар таърихи 15-уми августи соли 2021 аз сӯи Толибон бо ин ҳукумат ҳамкорӣ дорад.

Ҳукумати Толибонро ҷомеаи ҷаҳонӣ то кунун эътироф накардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG