Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чехия манъи додани визаро ба русҳо то марти 2024 дароз кард


Шаҳри Прага, маркази Чехия
Шаҳри Прага, маркази Чехия

Чехия манъи додани визаро ба шаҳрвандони Русия ва Беларус як соли дигар, то охири моҳи марти соли 2024, дароз кард. Ин тасмим рӯзи 22-юми март эълон шуд.

Бо пешниҳоди Вазорати корҳои дохилии Чехия, манъи додани виза русҳо ва беларусиҳоеро низ фаро мегирад, ки душаҳрвандӣ доранд.

Ин меъёр истисно низ дорад - шаҳрвандони ду кишвар бо сабабҳои башардӯстона метавонанд виза бигиранд. Манъи додани виза ҳамчунин ба наздикони онҳое дахолат намекунад, ки шаҳрванди кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳастанд.

Ҷумҳурии Чех аз аввалин кишварҳое буд, ки баъд аз ҳамлаи Русия ба Украина додани визаҳои сайёҳиро ба русиягиҳо манъ кард.

Дар робита ба ҷанг дар Украина кишварҳои Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтанд, ки ба шаҳрвандони Русия ба таври содашуда визаи шенген надиҳанд. Бархе аз кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои соҳили Балтик ва Финландия тақрибан додани визаро ба таври комил бас кардаанд.

Пас аз шурӯи ҷанг бештар аз 400 ҳазор шаҳрванди Украина дар Чехия паноҳанда шуданд. Баъд аз Олмону Лаҳистон ин бузургтарин нишондод дар Иттиҳоди Аврупо аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG