Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақдири TikTok-ро дар Амрико "ҳал" мекунанд. ВИДЕО


Интизор меравад, рӯзи 23-юми март Шоу Зи Чун, мудири кулли шабакаи иҷтимоии TikTok, дар Кумитаи энержӣ ва тиҷорати Маҷлиси намояндагони Амрико гувоҳӣ диҳад. Суоли муҳимтарине, ки вакилонро ташвиш медиҳад, пайванди эҳтимолии ин апп ё замима бо ҳукумати Чин аст.

Пеш аз ин сенатори ҷумҳурихоҳ Марко Рубио дар ҷаласае дар бораи таҳдидҳои амниятӣ чанд суолро дар бораи TikTok бо Кристофер Рей, раҳбари Бюрои Тафтишоти Федеролӣ дар миён гузошт.

Ӯ пурсид: "Оё ҳукумати Чин бо истифода аз он ки соҳиби ByteDance аст ва ин ширкат молики ByteDance US мебошад, агар бихоҳад, метавонад TikTok-ро водор кунад, ки маълумоти миллионҳо корбарро барояш диҳад?”

Кристофер Рей: "Бале."

Марко Рубио: "Агар чунин имкон шуд, оё онҳо метавонанд нармафзори миллионҳо дастгоҳро назорат кунанд?”

Кристофер Рей: "Бале."

Марко Рубио: "Онҳо тавони дастрасӣ ба маълумоти мо, истифодаи иттилоъ, заҳролуд кардани мағзҳо ва дар майнаи сари миллионҳо кас ҷой кардани партовро доранд. Ин як таҳдиди ҷиддии амниятӣ ба кишвар аст, ки назирашро надида будем."

Мудирони TikTok ба мисли раиси сиёсати мухобирот Брук Оберветтер мегӯянд, онҳо ташвишҳои амниятии Амрикоро ба назар мегиранд.

Ӯ гуфт, "аввал ин ки ҳукумати Чин ҳеч гоҳ нагуфтааст, маълумоти корбарони амрикоиро дидан мехоҳад. Мо ҳаргиз маълумоти корбарони амрикоиро надодаем ва агар хоҳанд ҳам, намедиҳем. Тамоми маълумоти мо тавассути пойгоҳи Oracle Cloud гирдоварӣ мешавад. Дар як фазои амн ва зери назорати тими амрикоии мо."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Дар Конгрес тақдири "ТикТок"-ро "ҳал" мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

"Ин замима гургро мемонад"

Ҷейк Дентон, муҳаққиқи Heritage Foundation, мегӯяд, дар телефон нигоҳ доштани TikTok баробари зери як дастгоҳи назоратӣ будан аст.

"Ин замима гургеро мемонад, ки либоси барраро пӯшидааст. Он тавони ҳам назорат ва ҳам ҷамъоварии маълумоти фаровонро дорад. Ин ҷо масъалаи таблиғоти азими чинӣ ҳам матраҳ аст. Масъалаи ҷамъоварии маълумот дар миён аст ва аз ин назар барои амрикоиҳои оддиву ҳукумати мо ҳассос дониста мешавад," – шарҳ дод ӯ.

Дар моҳи декабри соли гузашта TikTok-ро дар компютерҳои федеролӣ манъ карданд. Баъзе аз аёлат дар боргирии замима маҳдудият ҷорӣ карданд, вале таҳқиқгар Ҷеймс Люис мегӯяд, эҳтимол он пурра манъ нашавад.

Ба қавли ӯ, "дареғ, Конститутсия иҷоза намедиҳад, ки TikTok пурра манъ шавад. Техас ҳақ дорад, бигӯяд, “Шумо онро дар компютерҳои ҳукуматӣ истифода карда наметавонед. Онро дар кор истифода карда наметавонед, вале ҳақ надоред, ба мардуми одӣ амр диҳед, ки дар ҳаёти хусусии худ аз он истифода накунанд."

Конгресс дар фикри қабули қонуне аст, ки ба президент Ҷо Байден ҳақ медиҳад, дар сурати таҳдид ба амнияти миллӣ истифодаи баъзе аз фанновариҳоро боздорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG