Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ман-Рамазон" дар Туркманистон ба гадоӣ табдил шудааст?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар остонаи моҳи Рамазон дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон кӯдакони зиёде ба дари хонаҳо рафта, шеъри "Ман-Рамазон"-ро месароянд.

Ин як анъанаи мазҳабист, ки аз омадани моҳи Рамазон дарак медиҳад, аммо дар солҳои охир он дар Туркманистон ба василаи гадоӣ табдил шудааст.

"Соли ҷорӣ, ба фарқ аз солҳои пешин, кӯдакон ба дари хонаҳо намераванд. Акнун суруди "Ман-Рамазон"-ро рӯзона назди бозорҳо, марказҳои тиҷорӣ, истгоҳи роҳи оҳан ва меҳмонхона месароянд. Даҳҳо кӯдак дар кӯчаҳо ин сурудро мехонанд ва аз роҳгузарон пул талаб мекунанд", - хабар медиҳанд сокинони Туркманбошӣ.

Дар Туркманистон се рӯз пеш аз моҳи Рамазон сароидани ин суруд шуруъ мешавад. Кӯдакон ба дари хонаи ҳамсояҳо мераванд ва суруди "Ман-Рамазон"-ро месароянд. Ҳамсояҳо дар посухи ин мужда ба кӯдакон ҳадяе медиҳанд.

"Барои даромад ҳосил карданд соли ҷорӣ кӯдакон 18-уми март, яъне 5 рӯз пеш аз расидани Рамазон ин анъанаро шуруъ карданд", - хабар медиҳанд сокинон.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG