Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозигии номзадҳои мустақил аз интихоботи Қазоқистон


Номзадҳои худпешбар дар шаҳрҳои Алмаато, Чимкент, Урал ва Қарағандаи Қазоқистон гуфтанд, бо натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ розӣ нестанд. Онҳо аз тақаллубкориҳои зиёд ва қонуншиканиҳо дар рӯзи интихобот шикоят доранд.

Ин номзадҳо талаби бекор кардани натиҷаҳои интихобот ва баргузории интихоботи навро доранд.

Ҳукумати Қазоқистон интихоботи порлумонии ахирро, ки бештари курсиҳои порлумониро ҳизби ҳоким соҳиб шуд, "мувофиқ ба тағйироти густурда" унвон кард.

Лукпан Ахмедяров, рӯзноманигор ва номзад ба вакилии порлумон баъди эъломи натиҷаҳои овоздиҳӣ гуфт, бо натиҷаҳои интихобот розӣ нест.

Ба иттилои расмии Комисияи марказии интихоботии Қазоқистон, дар вилояти Уралск ба ҷонибдории Ахмедяров 46 ҳазор кас ва ба ҷонибдории рақиби вай Абзал Куспан бештар аз 126 ҳазор кас овоз додаанд. Ахмедяров мегӯяд, натиҷаҳои интихобот тақаллуб шудаанд.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки чи гуна як узви комисияи интихоботӣ дар қуттӣ варақаҳои зиёдатӣ мепартояд.

Интихоботи ғайринавбатии порлумонӣ дар Қазоқистон рӯзи 19-уми март баргузор шуд. Рӯзи душанбе натиҷаҳои пешакии интихобот нашр гардид, ки бино ба он, бисёре аз курсиҳоро ҳизби ҳокими "Амонат" соҳиб шудааст.

Нозирои маъмурияти Бюрои ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА низ аз қонуншиканиҳо дар рафти шумориши овозҳо хабар доданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG