Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукуматдорони Қазоқистонро барои фасоду шиканҷа танқид карданд


Вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи 20-уми март гузориши солонаи худро дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Қазоқистон нашр кард.

Дар гузориш гуфта шуда, ки ҳодисаҳои хунини моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон ба вазъи ҳуқуқи инсон дар он кишвар таъсири манфӣ расонд.

Муаллифони гузориш гуфтаанд, соли 2022 дар Қазоқистон куштори одамон аз сӯи намояндагони ҳукумат ё аз номи он, шиканҷа, боздоштҳои сиёсӣ ва маҳдудият дар озодии баёну кори расонаҳо ба қайд гирифта шудааст.

"Мақомоти Қазоқистон мансабдоронеро, ки аз ҳадди ваколатҳои худ берун рафта, даст ба фасодкорӣ зада буданд, интихобӣ муҷозот карданд. Фасодкорӣ дар ин кишвар ҳамоно ба таври густурда вуҷуд дошта, мақомдорон ва кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, ки даст ба фасодкорӣ мезананд, дар бештари маврид беҷазо хоҳанд монд", - омадааст дар гузориши вазорат.

Ҳамчунин зикр шудаааст, ки дар ҷараёни "ҳодисаҳои январӣ" дар Қазоқистон ҳолатҳои зиёди нақзи ҳуқуқи инсон мушоҳида шуда, эҳтимол шумори қурбониён низ метавонад бештар аз оморе (238 кас) бошад, ки мақомот эълом карданд. Маъмурони ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон ҳамчунин ба боздоштҳои ғайриқонунии сокинони осоишта айбдор карда шудаанд.

"Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар он ҳодисаҳо ҳудуди 260 кас кушта шудааст", - афзудаанд муаллифони гузориш.

Мақомоти Қазоқистон то ҳол ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико вокуниш накардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG