Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико гузориши солонаи худро дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои ҷаҳон рӯзи 20-уми март нашр кард.
Муаллифони гузориш, ки вазъ дар 198 кишвари дунёро таҳлил кардаанд, гуфтанд, вазъи ҳуқуқи инсон дар Туркманистон таассуфовар мемонад.
Тибқи гузориш, соли 2022 дар Туркманистон як қатор қонуншиканиҳо, аз ҷумла табъизи занон, маҳдудияти сахти озодии баёну матбуот, бахусус таҳдиди хушунат алайҳи хабарнигорон, таъқибҳои фаромиллии шахсоне, ки дар хориҷ қарор доранд, шиканҷа ва муносибати ғайриинсонӣ дар зиндонҳо мушоҳида шудааст.
Таҳиягарони гузориш ёдовар шудаанд, ки мақомоти Туркманистон талаботро нисбат ба либоси занон сахттар карда, доштани шаҳодатномаи ронандагиро барои онҳо амалан манъ намудаанд.
Департамент бори дигар таъкид карда, ки шаҳрвандони Туркманистон наметавонанд аз роҳи осоишта ҳукумати худро тавассути интихоботи озоду одилона иваз кунанд.
Гуфтугӯ