Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Қазоқистон: Кӣ ба порлумон роҳ меёбад?


Алмато, 19-уми марти 2023
Алмато, 19-уми марти 2023

Пешбинӣ мешавад, ки натиҷаҳои интихоботи пеш аз муҳалати порлумонӣ дар Қазоқистон рӯзи 20-уми март эълон хоҳад шуд.

Тибқи гузориши Кумисюни марказии интихоботи Қазоқистон, дар овоздиҳии рӯзи якшанбе каме беш аз 12 миллион раъйдиҳанда барои интихоби 98 вакил овоз доданд.

Интихобот як сол баъд аз эътирозҳои пурхушунати зиддиҳукуматӣ ва саркӯбҳои бераҳмона барпо мешавад. Дар он ҳодиса камаш 238 нафар кушта шуд.

Марказҳои пурсиши афкори умум тахмин мекунанд, ки ҳизби ҳокими “Амонат” бо 53 дарсади раъй пешдаст хоҳад шуд ва се ҳизби дигар марраи панҷдарсадии вуруд ба порлумонро убур хоҳанд кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG