Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз кормандони дастгоҳи президенти Русия хостанд, iPhone нагиранд


Кормандони блоки сиёсии дохилии маъмурияти президенти Русия дастур гирифтаанд, ки аз истифодаи телефонҳои навъи "iPhone" даст кашанд.

Нашрияи "Коммерсант" бо истинод ба манбаъҳои худ хабар додааст, ки ин дастур аз ҷониби Сергей Кириенко, муовини аввали раиси дастгоҳи президенти Русия дар моҳи март содир шудааст.

Раҳбарияти маъмурияти президенти Русия бар ин назар аст, ки истифодаи телефонҳои навъи "Apple" хатарнок ҳастанд, зеро онҳо дар баробари ҳамлаҳои ҳакерӣ "осебпазиртаранд".

"Айфонҳоро партоед, ё ба кудакон диҳед. Ҳама бояд ин корро дар моҳи март кунад", - гуфтааст яке аз мансабдорони рус, ба шарти фош нашудани номаш дар суҳбат бо нашрия.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, дастури мазкур ба чаҳор шуъбаи дастгоҳи раисиҷумҳури Русия - бахшҳои сиёсати дохилӣ, лоиҳаҳои давлатӣ, таъмини фаъолияти Шӯрои давлатӣ, рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва зербиноӣ, ки ба блоки сиёсии дохилӣ шомиланд, дахл хоҳад дошт.

Се шуъбаи аввал бо омодагӣ ба интихоботи президентии Русия дар соли 2024 машғуланд.

Қаблан мақомоти Русия ба мансабдорон тавсия дода буданд, ки аз истифодаи барномаи "Zoom" даст кашанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG