Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳиза Ризоро дар Кветтаи Покистон дафн карданд


Кветта, Покистон, 17-уми марти 2023
Кветта, Покистон, 17-уми марти 2023

Як зани варзишгарро, ки дар киштии муҳоҷирон дар роҳ ба Италия ғарқ шуд, дар шаҳри Кветтаи Покистон дафн карданд. Маросим рӯзи 17-уми март баргузор шуд.

Шоҳиза Ризои 27-сола ҳамроҳи 170 паноҳҷӯйи дигар аз Покистону Афғонистону Эрон ва кишварҳои дигар мехост, аз соҳилҳои Измири Туркия ба Италия бирасад.

Киштӣ дар обҳои Калабриа ғарқ шуд ва камаш 66 нафар ҷон дод.

Шоҳиза Ризо дар риштаи ҳоккейи рӯйи алаф бозӣ мекард.

Ба қавли хонаводаи Ризо, ӯ мехост, дар Аврупо кор биёбад, то писари сесолаи маъюбашро бузург кунад. Писараш фалаҷ шудааст.

Дар телевизиону шабакаҳои иҷтимоии маҳаллӣ акси Шоҳиза Ризо бо сарулибоси миллӣ нашр шуд. Шумори зиёди мардум барои иштирок ба маросими дафни ӯ рафтанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG