Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комиссари олии СММ тавсияҳояшро ба Узбекистон нашр кард


Комиссари олии Созмони Милал дар умури ҳуқуқи инсон Фолкер Тюрк
Комиссари олии Созмони Милал дар умури ҳуқуқи инсон Фолкер Тюрк

Фолкер Тюрк, комиссари олии Созмони Милал дар умури ҳуқуқи инсон, пас аз сафари расмияш ба Узбекистон рӯзҳои 13-15-уми март мушоҳидаҳо ва тавсияҳояшро барои мақомоти он кишвар баён дошт.

"Масъалаи бартарафсозии нобаробарии ҷинсиро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёт - аз сиёсат то иҷтимоъ - бардоштам. Ман тасмими қатъии президент ва раиси порлумони он кишварро барои бартарафсозии ин нобаробарӣ, қадр мекунам," - гуфт Тюрк.

Ба ҷуз ин, Тюрк дар дидорҳояш бо мансабдорони Узбекистон тавсия додааст, ки шиканҷаву муносибати бераҳмона бас шавад, иштироки комили шаҳрвандон дар ислоҳот, ҳифзи рӯзноманигорон ва озодии баён, эҳтироми ҳуқуқи фарҳангӣ таъмин гардад ва аз ҳаводиси соли гузаштаи Нуқус ибрат гирифта шавад.

Фолкер Тюрк рӯзҳои 16-17-уми март сафарашро ба Остонаи Қазоқистон идома медиҳад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG