Вазорати тандурустии Қазоқистон бо таҳияи лоиҳаи қонуне пешниҳод карданист, ки гузаштани ҷавонон, ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низомиён аз ташхиси муътодӣ ба маводи мухаддир ҳангоми қабул ба кор ҳатмӣ гардонида шавад.
Бино ба хабари расонаҳои маҳаллӣ, дар ин бора муовини вазири тандурустии Қазоқистон Тимур Султангазиев рӯзи сешанбе дар ҷаласаи ҳукумат иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи Султангазиев, дар ҳоли ҳозир ин гуна ташхис як бор ҳангоми таҳсил, гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ, иҷозаи интиқол ва нигаҳдории силоҳ сурат мегирад.
Муовини вазири тандурустии Қазоқистон таъкид карда, ки ташхиси пешниҳодии онҳо "ҳуқуқҳои инсонро поймол намекунад".
Дар Қазоқистон, ки беш аз 19 миллион аҳолӣ дорад, зиёда аз 18,5 ҳазор муътоди маводи мухаддир ба қайд гирифта шудааст.
Гуфтугӯ