Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ дар Афғонистон ба 23 миллион кас хӯрок додааст


Барномаи ҷаҳонии озуқа (WFP) мегӯяд, дар соли 2022 дар Афғонистон ба 23 миллион нафар, ки бо камбуди маводи хӯрокворӣ рӯбарӯ буданд, мадад кард.

Ин идора рӯзи 14-уми март дар "Твиттер" навишт, дар байни шахсоне, ки ёрӣ гирифтанд, 12 миллион зану духтар ҳастанд.

Барномаи ҷаҳонии ғизо ҳамчунин ба кишвару созмонҳое сипос гуфтааст, ки бо ҳамкории онҳо ёрӣ фароҳам шуд.

СММ мегӯяд, имсол беш аз 28 миллион нафар дар Афғонистон ба кумакҳои башарӣ ниёз доранд ва барои расидагӣ ба онҳо 4,6 миллиард доллар зарур аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG