Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барқарории равобити Эрон ва Саудӣ ба кишварҳои минтақа чӣ таъсир дорад?


Созиши Эрону Арабистони Саудӣ бо миёнравии Чин барои барқарории муносибатҳои дипломатӣ, ба Ховари Миёна ва коҳиши эҳтимоли даргирии низомӣ байни ду кишвар таъсири муҳиме ба ҷой хоҳад гузошт. Робитаҳои Теҳрон ва Риёз соли 2016 дар пайи ҳамла ба сафорат ва консулгариҳои Арабистони Саудӣ дар Эрон бас шуд. Чанд бор талош барои барқарории робитаҳои ду кишвар ба шикаст рӯбарӯ шуда буд. Хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" дар гузорише таъсири ин созишро бар кишварҳои минтақа баррасӣ кардааст.

ЯМАН

Эрон ва Арабистони Саудӣ ба шакли фаъоле дар ҷанги Яман даргиранд. Гурӯҳи ҳусиҳо аз сӯи Эрон пуштибонӣ мешавад. Ин гурӯҳ аз соли 2014 назорати Санъо - пойтахт ва минтақаҳои калонеро дар шимол ва маркази Яман дар ихтиёр дорад. Эътилофи низомӣ ба роҳбарии Арабистони Саудӣ аз баҳори соли 2015 барои ақиб рондани ҳусиҳо вориди ҷанг шуд.

Созмони Милали Муттаҳид ҷанги Яманро бузургтарин фоҷеаи башарӣ хондааст. Дар натиҷаи талошҳои дипломатии як соли охир, оташбас барқарор шудааст. Азсаргирии муносибатҳои дипломатӣ байни Теҳрон ва Риёз талошҳои минтақаӣ ва байнулмилалӣ барои барқарории сулҳро тақвият хоҳад кард.

ЛУБНОН

Эрон дар чаҳор даҳсолаи гузашта пуштибони аслии "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон буда, дар муқобил, Арабистони Саудӣ аз гурӯҳҳои сиёсии суннии ин кишвар ҳимоят мекунад. Беҳбуди муносибатҳо байни Теҳрон ва Риёз метавонад, барои ба вуҷуд омадани оштӣ байни гурӯҳҳои рақиб дар Лубнон, ки ба бӯҳрони бесобиқаи молӣ ва иқтисодӣ рӯбарӯст, нақши муҳим бозӣ кунад.

СУРИЯ

Эрон ҳамроҳ бо Русия яке аз ҳомиёни аслии режими Башор Асад дар ҷанги дохилии Сурия будааст ва дар муқобил Риёз аз гурӯҳҳои мухолифи режим ҳимоят мекунад. Аммо дар як соли гузашта ва ба вижа пас аз зилзилаи маргбори моҳи феврал дар ҷануби Туркия ва шимоли Сурия, баъзе аз кишварҳои арабӣ то ҳадде муносибатҳои худро бо Димишқ беҳбуд бахшиданд. Дар натиҷаи созиш бо Теҳрон, ин эҳтимол дорад, ки ҳукумати Арабистони Саудӣ низ ба самти аз байн бурдани душманиҳо бо ҳукумати Сурия ҳаракат кунад ва ин боиси тақвияти режими Башор Асад хоҳад шуд.

ИСРОИЛ

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, дар пайи оддисозии робитаҳо бо Риёз буд, вале созиши Арабистони Саудӣ бо Эрон ин тарҳро душвортар хоҳад кард. Дар айни ҳол Исроилро барои мубориза бо пешравии фаъолиятҳои ҳастаии Эрон, танҳо хоҳад гузошт. Имороти Муттаҳидаи Араб, яке дигар аз кишварҳои арабии бонуфузи минтақа, ки нигарони барномаи ҳастаии Эрон аст ва ҳамзамон бо Исроил робитаҳо барқарор кардааст, солҳои ахир дар пайи коҳиши таниш бо Теҳрон аст.

ЭРОН

Ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ дар пайи ноком мондани гуфтугӯҳои эҳёи созиши ҳастаӣ ва бинобар эътирозҳои васеи мардум дар шаш моҳи гузашта, зери фишори Ғарб қарор дорад. Барқарори робитаҳои дипломатӣ бо Риёз роҳҳои дигаре барои коҳиши фишори таҳримҳои Ғарб барои Эрон фароҳам мекунад. Эрон дар як соли гузашта бо густариши ҳамкориҳои низомӣ бо Русия, аз ҷумла фиристодани паҳбод ё бесарнишинҳои ҷангӣ, талошҳои худро барои муқобила бо таҳримҳои Ғарб афзоиш додааст.

АРАБИСТОНИ САУДӢ

Муҳаммад бин Салмон, валиаҳд ва раҳбари воқеии Арабистони Саудӣ, ният дорад, бо ҷудо кардани буҷети чандсад миллиарддолларӣ, вобастагии иқтисод ба содироти нафтро коҳиш диҳад ва зерсохторҳои ин кишварро бозсозӣ ва бо пайомадҳои иқлимӣ мутобиқ намояд. Нигарониҳо дар мавриди эҳтимоли ҳамлаҳои мустақим ё ғайримустақими Эрон метавонад иҷрои ин тарҳҳои бузургро зери суол барад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG