Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мардум ҳоло фақат барои шикам кор мекунанд" ВИДЕО


Солҳои охир таваҷҷуҳ ба рӯзномахонӣ дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа кам шудааст. Бархе мегӯянд, нашрияҳои озоду матлабҳои ҷанҷоливу хонданӣ нест, иддае дигар интернету шабакаҳои иҷтимоиро далел меоранд. Бахше, ки дар Тоҷикистон беш аз сад сол боз арзи ҳастӣ дорад, чаро рӯ ба таназзул ниҳодааст?

"Мехоҳанд, рӯзнома бихонанд, вале..."

Исмоил Исмоилов ҳар ҳафта барои харидани рӯзнома аз ноҳияи Рӯдакӣ ба пойтахт меояд. "Ғизои маънавӣ мегирам. Донишамро сайқал медиҳам," – мегӯяд ӯ. Ҳарчанд ба хондани рӯзнома таваҷҷуҳ дорад, иқрор мешавад, ки гоҳе тавони хариданашро надорад.

Дар ҷойҳои рӯзномафурӯшӣ дар Душанбе, ки теъдодашон ангуштшумор аст, муштариёни зиёдеро намебинем. Рӯзномафурӯшон мегӯянд, солҳои охир мардум ба харидану хондани нашрияву маҷаллаҳо ҳавсалаву ҳавас надоранд.

Хуршеда Ҷалилова, яке аз рӯзномафурӯшон гуфт, "мардум ҳоло фақат барои шикам кор мекунанд. Онҳо мехоҳанд, ки рӯзнома бихонанд, вале маблағи зиёдӣ надоранд. Солҳои пеш дар як рӯз то 60 газета мефурӯхтем, ҳоло то 10-15 газет мефурӯшем."

Сабаби инро иддае ба вазъи нохуби иқтисодии мардум ва баъзеи дигар ба набудани матолиби хонданӣ пайванд медиҳанд. Беҳрӯз Шукруллоев, ки пайваста вазъи матбуоти давриро пайгирӣ мекунад, яке аз сабабҳои кам шудани таваҷҷуҳи мардумро ба нашрияҳо "рақобатпазир набудани матбуот бо фанновариҳои нави технологӣ" донист.

Ӯ гуфт, "интихоби хонандаи имрӯз билкул фарқ мекунад. Дар ҳар хона телефони мобилӣ аст ва он ба Интернет пайваст аст. Аз ин шабакаи ҷаҳонӣ иттилоъро мегиранд. Тасаввур кунед, нашрияҳои мо дар як ҳафта як бор чоп мешаванд."

Ин навор барвақт сабту омода шудааст, вале бори аввал нашр мешавад:

"Мардум ҳоло барои шикам кор мекунанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:11:38 0:00

Намояндагони баъзе аз нашрияҳо эроди таҳлилгарону хонандаҳоро на ҳамеша мепазиранд. Убайдуллои Акрам, котиби масъули “Паёми Душанбе”, мегӯяд, “азбаски завқ гуногун аст, баъзе маводи фарҳангӣ дорем, таърихӣ дорем. Тарҷима дорем. Барои пешгирӣ аз хурофот, ифротгароӣ ва мубориза бар зидди терроризм матлаб чоп мекунем.”

Обунаи маҷбурӣ, чаро?

Масъалаи дигаре, ки ҳамеша атрофи номи матбуот чарх мезанад ва то ҷое онро доғдор кардааст, обунаи маҷбурист. Ҳоло аксар нашрияҳои расмӣ ва соҳавӣ тариқи обуна фурӯхта мешаванд. Кормандони идораҳои давлатӣ борҳо дар расонаҳо аз маҷбурӣ обуна шудан ба нашрияҳо шикоят кардаанд.

Як омӯзгор дар Душанбе гуфт, "дар баъзе маврид маҷбур мекунанд, ки ба ин ё он рӯзнома ва маҷалла обуна шавем. Вақте рӯзнома дастрас мешавад, алакай муҳтавову хабараш куҳна шудааст.”

Аз миёни рӯзномаҳо ба “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Минбари халқ”, “Боҷу хироҷ”, “Мароми пойтахт”, “Омӯзгор”, “Паёми Душанбе” ва чанд нашрияи дигар ба таври ҳатмӣ баъзе аз корхонаҳои давлатӣ обуна мешаванд. Бино ба гуфтаи омӯзгорон, солона барои обунашавӣ ба рӯзномаҳои расмии мухталиф аз онҳо то 300 сомонӣ меситонанд. Нархи обунаи як нашрия аз 70 то 180 сомонӣ аст.

Нашрияҳо
Нашрияҳо

Масалан, нархи обунаи яксола ба ҳафтаномаи «Омӯзгор», ки ҳафтае 37 ҳазор нусха чоп шуда ва бештари идораҳои маориф ба он обуна мешаванд, 170 сомонӣ аст. Ҳамин тавр, нархи яксолаи обунаи “Минбари халқ” 100 сомонӣ, “Народная газета” 130 сомонӣ, “Ҷавонони Тоҷикистон” 154 сомонӣ ва “Боҷу хироҷ” 70 сомонӣ аст.

Аз як мактуби Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ба яке аз муассисаҳои вилояти Суғд дар соли 2021 фаҳмида мешавад, ки на танҳо нашрияҳои расмиву соҳавӣ, балки рӯзномаҳои ҳизбиро ҳам ба идораҳои давлатӣ ба таври иҷорӣ обуна мекунанд.

Беҳрӯз Шукруллоев пешниҳод дорад, ки муҳтавои нашрияҳои даврӣ аз хабарӣ дида бештар таҳлилӣ шавад: "Маводеро барои хонанда пешниҳод кардан даркор аст, ки аз ду нигоҳ муҳим бошад: якум аҳамияти ҳадди ақал 5-6-рӯзӣ дошта бошад. Маводи таҳлилие омода кардан мумкин аст, ки барои хонанда муҳим аст ва онро баъд аз 2 ҳафта ҳам гирад, ғизои маънавӣ гирад."

Ба хулосаи баъзе аз ҳамсуҳбатони мо, то замоне ки рӯзномаву ҳафтаномаҳо матлаби дархӯри мардум ва ҷолибро нашр накунанд, хонанда ҳам шояд ба он таваҷҷуҳ накунад. Ҳоло сомонаҳои иҷтимоӣ то андозае вазифаи хабаррасониро иҷро мекунанд, ки ҳафтаномаҳо наметавонанд бо он рақобат варзанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG