Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири нави ИМА дар Тоҷикистон ба фаъолияти дипломатияш оғоз кард 


Сафири нави Амрико ҳангоми супурдани эътимодномаи сафирӣ ба президенти Тоҷикистон
Сафири нави Амрико ҳангоми супурдани эътимодномаи сафирӣ ба президенти Тоҷикистон

Мануэл Микаллер, сафири нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон шинос шуд.

Рӯзи 9-уми март сафири нави Амрико ҳангоми супурдани эътимоднома ба президенти Тоҷикистон ҳамкориҳои оянда миёни ду кишварро баррасӣ кардааст.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аз кишварҳоест, ки солона миллионҳо доллар ба Тоҷикистон дар арсаҳои гуногун кумак мерасонад.

Мануэл Микаллер дар ин мақом Ҷон Марк Поммершаймро иваз кард. Ӯ аз соли 2019 сафири Амрико дар Тоҷикистон буд.

Мануэл Микаллер то расидан ба ин мақом дар Непал ва Муғулистон таҷрибаи дипломатӣ доштааст.

XS
SM
MD
LG