Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Туркманистон моҳи апрел ба Тоҷикистон меояд


Сардор Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон.
Сардор Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон.

Раиси ҷумҳури Туркманистон моҳи оянда ба Тоҷикистон сафар мекунад. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки сафари давлатии Сардор Бердимуҳаммадов дар нимаи аввали моҳи апрел пешбинӣ шудааст. Ин аввалин сафари Сардор Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон дар мақоми президенти Туркманистон хоҳад буд.

Ба иттилои ВКХ-и Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷӣ рӯзи 8-уми март дар Душанбе бо ҳамтои туркманаш Рашид Мередов доир ба омодагиҳои ин сафар суҳбат карданд. Манбаъ меафзояд, ҷонибҳо масъалаҳои муҳими муносибатҳои ду кишварро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисод ва гуманитарӣ баррасӣ намуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин ва Рашид Мередов ҳамчунин дар бораи омодагӣ ба Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Миёна ва ҷаласаи навбатии Шӯрони сарони кишварҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал суҳбат кардаанд. Қарор аст ин вохӯрӣ дар моҳи сентябри солӣ дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шавад.

Сафари Сардор Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки робитаҳои ду кишвар дар солҳои ахир шебу фарозҳое доштааст.

Дар соли 2019 Туркманистон ба ҳаракати мошинҳои боркаши Тоҷикистон аз қаламраваш монеа эҷод кард. Дар солҳои баъдӣ ин мушкил ҳал шуд ва муносибатҳои ду кишвар рӯ ба гармӣ овард.

Бархе коршиносон он замон сардии муносибатҳоро бо баъзе норушаниҳо дар тарҳи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Тоҷикистон-Афғонистон рабт доданд, ки чунин омил метавонист, сабаби ранҷиши Ишқобод шавад.

Туркманистон соли 2016 мутобиқи созиш қисмати 88-километрии ин роҳро дар қаламраваш сохт, аммо аз ҷониби Тоҷикистон дар ин самт пешравиҳои назаррас сурат нагирифт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG