Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Бишкек шикояти Радиои Озодиро рад кард


Додгоҳи шаҳри Бишкек рӯзи 7-уми март дархости бахши қирғизии Радиои Озодӣ - "Азаттик"-ро дар бораи ғайриқонунӣ донистани қарори бастани сомонаи радио қонеъ накард.

Ба гуфтаи хабарнигорони "Азаттик", намояндагони Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон дар додгоҳ гуфтанд, дар гузориши телевизиони "Настояшее Время", тарҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар бораи низои марзӣ "ба фарзияи ҷониби Тоҷикистон бартарӣ дода шудааст".

Вакилони дифои "Азаттик" мегӯянд, намояндагони вазорат ин бор низ далелеро ироа накарданд, ки қонуншиканӣ дар гузоришро исбот намояд. Вакилон гуфтанд, аз рӯйи қарори додгоҳ ба зинаи болоӣ шикоят мебаранд.

Вазорати фарҳанги Қирғзистон рӯзи 26-уми октябри соли гузашта сомонаи "Азаттик"-ро барои ду моҳ баст ва дертар маҳдудиятро дароз кард. Сабаб як барномаи видеоӣ дар робита ба вазъ дар сарҳад бо Тоҷикистон гуфта шуд.

Ба бовари мақомоти Қирғизистон, дар ин барнома бештар мавқеи Тоҷикистон бозтоб ёфтааст. Барнома 16-уми сентябри соли 2022 ва дар авҷи даргирии ду ҳамсоя дар телевизиони "Настояшее Время", тарҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, пахш шуд. Роҳбарияти Радиои Озодӣ ин тасмимро таъқиби расонаҳои озод номид.

Ҳукумати Қирғизистон рӯзи 24-уми октябри соли 2022 аз Радиои Озодӣ талаб кард, гузоришро комилан аз сомона бардорад, аммо қабул нашуд. Раҳбарияти Радиои Озодӣ гуфт, гузориш ба меъёр посухгӯст.​

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG