Роҳбари олии Эрон, Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, гуфтааст, "заҳролудсозии духтарони мактабхон дар Эрон ҷинояти нобахшиданӣ аст."
Пештар аз ин вазири корҳои дохилии Эрон Аҳмад Воҳидӣ эътироф кард, ки духтарони на камтар аз 52 мактаб аз заҳролудсозии эҳтимолӣ зиён дидаанд. Вай гуфт, дар ҷараёни таҳқиқ "намунаҳои машкук" кашф шуд.
Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, дар бештар аз 60 мактаб духтарон заҳролуд шудаанд.
Хабари нахустин дар бораи заҳролудшавии духтарон дар моҳи ноябри соли 2022 расонаӣ шуд. Он замон 18 хонандаи мактаб дар шаҳри Қуми Эрон бистарӣ шуданд. Аз он замон то кунун теъдоди заҳролудшудаҳо ба бештар аз 1000 нафар расид.
Духтарон аз дарди сар, афзоиши таппиши дил, дилбеҳузурӣ ва беҳолӣ шикоят доранд. Онҳо дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфтаанд, бӯйи афлесуни пӯсида, тухми вайроншуда, моеи зарфшӯӣ ва ё атри дорои бӯйи сахтро ҳис кардаанд.
Расонаҳои давлатии Эрон менависанд, заҳролудсозии духтарон "кори дасти гуруҳҳои табъидӣ, кишварҳои дигар, гуруҳҳои мазҳабие аст, ки зидди таҳсили духтаронанд".
Дар Эрон эътирозҳои оммавие идома доранд, ки баъд аз марги Маҳсо Аминӣ - ҳомии ҳуқуқи занон дар моҳи сентябри соли 2022 - шуруъ шуданд. Пулиси ахлоқ Аминиро ба гумони бадҳиҷобӣ дастгир карда, пас аз се рӯз ҷасадашро ба наздиконаш дод. Духтарони мактабхон дар ин эътирозҳо иштироки фаъол доранд.
Гуфтугӯ