Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон "сокит" ҳастанд? ВИДЕО


Раҳбарони шаш ҳизби сиёсии Тоҷикистон, ки бештар даъвои мустақилӣ доранд, вале ҳамвора барои "хомӯшӣ" танқид мешаванд
Раҳбарони шаш ҳизби сиёсии Тоҷикистон, ки бештар даъвои мустақилӣ доранд, вале ҳамвора барои "хомӯшӣ" танқид мешаванд

"Дар Ватани мо ҳизбҳои дигар ҳам ҳастанд? Агар вуҷуд доранд, чаро шаҳрвандон намебинанд? На барномае ба мардуми Тоҷикистон пешниҳод мекунанд ва на мухолифате ба иштибоҳҳои ҳизби ҳоким. Пас, мақсади онҳо… хокпошӣ ба чашми мардум аст?"

Ин номаи як корбари Радиои Озодӣ моро ба дафтари ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бурд. Баъзе аз дарҳоро баста ёфтем, баъзе аз идораҳоро орому камодам.

Кӣ чӣ гуфт?

Дар идораи марказии Ҳизби аграрии Тоҷикистон касе набуд. Рустам Латифзода, раҳбари ҳизб, то замони таҳияи гузориш ба тамосҳои телефонии мо ҷавоб надод.

Бинои марказии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон баста буд. Ба назар мерасид, масъулонаш моҳҳо боз ба ин макон наомадаанд. Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҳизб, дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ва аъзои ҳизб дар як ҷо намешинанд ва ба назди мардум мераванду мушкили онҳоро мешунаванд.

"Дар барномаи ман, мисоли оддӣ, сохтани метро дар Тоҷикистон аст. Президент инро қабул кард. Ҳозир Кореяи Ҷанубӣ бо ҳамин масъала машғул аст. Вақте Ҷумҳурии Тоҷикистон озод аст, вақте дар демократия зиндагӣ мекунем, инро донед, ки ин хидмати ҳизбҳои сиёсӣ аст," -- афзуд ӯ.

Дар дафтари марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон котиби аввал Заррагул Мирасановаро дидем. Ӯ гуфт, масъули суҳбат бо расонаҳо раҳбари ҳизб, Меъроҷ Абдуллоев, аст. Раиси коммунистҳои Тоҷикистон дар тамоси телефонӣ гуфт, "ҳизб кор мекунад", аммо нагуфт чӣ кор. Аз суҳбати бештар худдорӣ варзид.

Ибораи "хомӯшии ҳизбҳои сиёсӣ" ба Рустам Раҳматзода, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, хуш наомад. Вай дар суҳбати рӯбарӯ гуфт, ҳизбаш дар порлумон фраксия дорад, аъзояш дар қабули буҷети маҳаллӣ ва таҳияи кадрҳо саҳм мегиранд. "Он таклифҳое, ки дар вохӯриҳои мо мешавад, албатта, гуруҳбандӣ ва ба ҳукумат пешниҳод мекунем. Қазияҳо бисёр ҳастанд, ҳам иқтисодӣ ва ҳам иҷтимоӣ," -- илова кард ӯ.

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, мегӯяд, "ба ҳар мушкиле, ки дар ҷомеа пайдо мешавад, бетараф нестем. Аз сохторҳои марбутаи ҳукумат талаб мекунем, мактуб менависем, мардумро қабул мекунем. Дар соли 2022 қариб 100 аризаро баррасӣ кардем. Бисёре аз онҳо ба ман ҳамчун раиси ҳизб муроҷиат мекунанд."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Шикоятҳо аз фаъолияти аҳзоби "хомӯш"-и Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:41 0:00

"Камфаъол" ва "беғам"?

Пас аз дигар шудани раҳбараш Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳеч гоҳ изҳорот ва аз буданаш дарак надодааст. Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси ҳизб, гуфт, "новобаста аз потенсиали интеллектуалӣ, дониш, ақлу фаросату тамиз ва истеъдоди инсонӣ, ба фаъолони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, бар хилофи меъёри Сарқонун, имконияти амалӣ намудани ҳуқуқи меҳнатияшонро намедиҳанд."

Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки раҳбарияшро президент Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш дорад, ҳизби ҳоким аст. Масъулонаш гуфтанд, зиёда аз ним миллион узв дорад ва аксар курсиҳои порлумон низ дар ихтиёраш ҳаст.

Намояндагони мухолифон ҳизби ҳокимро муттаҳам мекунанд, ки аксар намояндагии ҳизбро дар идораҳои давлатӣ ҷойгир карда, аз нерӯи кормандон ва имконияти ҳукуматҳои маҳаллӣ истифода мекунад.

Абдураҳмон Хонов, раиси дастгоҳи марказии ҲХДТ, гуфт, қонунгузорӣ ба ҳеч ҳизбе бартарӣ надодааст. "Як омили муваффақияти ҳизби мо ҳамин аст, ки аз ин интихобот ба ин интихобот аз худ хабар намедиҳем. Интихоботи оянда соли 2025 доир мешавад, аз имрӯз технологияи муосири ҷалби электоратро фикр мекунем," -- афзуд ӯ.

Дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ сабт шудааст. Ба ҷуз аз Ҳизби сотсиал-демократ шаш ҳизби дигар дар порлумон намоянда дорад. Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар чанд интихоботи порлумонии кишвар иштирок кард, аммо бар пояи натиҷаҳои эълоншуда пирӯз нагашт. Раҳбарияти ҲСДТ мақомоти Тоҷикистонро ба фишор ва дасткорӣ дар шумориши оро муттаҳам карда, натиҷаҳоро напазируфтааст.

То моҳи сентябри соли 2015 Ҳизби наҳзати исломӣ созмони умдаи мухолиф дар дохили кишвар ба шумор мерафт. Масъулонаш мегӯянд, беш аз 40 ҳазор узв дошт. Додгоҳи олӣ фаъолияти ҳизбро манъ ва ин созмонро террористӣ эълон кард. Дар Русия низ қарори ба ин монанд қабул шуд. Дар айни замон бештар аз 200 узви ҳизб, аз ҷумла, аъзои раёсати он дар зиндон ҳастанд.

Бобоҷони Қаюмзод, сухангӯйи Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, мегӯяд, бо ин вуҷуд корро дар хориҷ идома медиҳанд: "Бештар фаъолиятҳои дипломатӣ, ҳуқуқи башар ва расонаӣ мекунад. Мардуми кишвар метавонанд, гоҳе аз тариқи флешмобҳо ва пикетҳо мушоҳида кунанд. Дар дохили кишвар маҳдудиятҳову сензура вуҷуд дорад. Дар бораи дигар ҳизбҳо гап задан душвор аст."

Посухи ин суолро, ки оё ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон воқеан фаъоланд ё хомӯшӣ ихтиёр кардаанд, аз чанд роҳгузар дар Душанбе ҳам пурсидем. Аз чаҳор ҳамсуҳбати мо танҳо яке гуфт, "дар Тоҷикистон ҳизбҳои комуннистӣ, сотсиалистӣ ва демократӣ ҳаст. Раҳбари ҳизби комуннистӣ Шабдолов буд". Мусоҳибони дигари мо ҳизбҳои сиёсиро "камфаъол ва беғам аз мушкилоти ҷомеа" номбар карданд. Чизе, ки сарони баъзе аз ҳизбҳо қабул надоранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG