Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳматулло Зойировро маҷбур карданд, ё худаш рафт? ВИДЕО


Сарнавишти Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо истеъфо додани раисаш Раҳматулло Зойиров дучори норушанӣ шудааст. Зойиров беш аз 20 соли охир, раёсати ин ҳизби мухолифи ҳукумати Тоҷикистонро бар уҳда дошт. Рӯзи 26-уми май ғайриинтизор аз мақоми раҳбари ҳизб канор рафт ва он ҳам бидуни огоҳии раёсати ҳизб. Чаро? Оё Зойиров таҳти фишори кадом тарафе истеъфо дод ё хости худи ӯст?


Ҳизбро акнун парокандагӣ ё ба ҷиноҳҳои мухталиф тақсим шудан таҳдид мекунад ва ё ба қавли баъзе, аъзои он ҳукуматӣ хоҳад шуд? Баҳси навбатӣ дар барномаи Гапи озод дар ҳамин бора аст. Меҳмонони барнома Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва Сайфулло Сафаров, устоди донишгоҳ ва муовини собиқи раиси Маркази таҳқиқоти стротегии Тоҷикистон ҳастанд.

Иқтибосҳое аз барнома:

Сайфулло Сафаров: "Дақиқан ҳеч таҳдиде ба оғои Раҳматулло Зойиров набудааст, чунки худашон дар ҳамон навори видеоие, ки мо дидем, гуфтанд, ки пеш аз ҳама саломатиам бад аст ва ман наметавонам, ба корҳои ҳизбӣ машғул шавам. Ман наметавонам, озодона, бе мошин дар чорабиниҳои гуногун иштирок намоям ва ғайраву ҳоказо. Ӯ пеш аз ҳама сабаби рафтанашро дар саломатиаш дидааст."

Шокирҷон Ҳакимов: "Бо дар назардошти онки қаблан чанд маротиба мавриди шиканҷа қарор гирифт, таҳдидҳо ҷой доштанд ва ин таҳдидҳо дастраси ҷомеаи шаҳрвандӣ шуд ва инчунин мойил намудани аҳзоби дигар, ки аз стратегияи давлат ва Ҳизби халқии демократӣ ҷонибдорӣ кунанд, камбудиҳоеро, ки дар равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ ҳаст, нодида бигиранд, таҷрибаҳо ҳаст. Бинобар ин, ман ба хулоса омадам, ки шояд таҳти ҳамин омилҳо ва сабабҳо Зойиров мувофиқи мақсад донист, ки ба истеъфо равад."

Сайфулло Сафаров: "Агар муаллифони сенария ба ҳадаф расанд ва заминаҳои иҷтимоии ин ҳизбро халалдор кунанд ва дар афкори ҷамъиятиву сиёсии шаҳрвандон дигар арзишҳо ташаккул ёбад, эҳтимоли аз байн рафтани ҳизб ва беобрӯ шуданаш вуҷуд дорад."

Cайфулло Сафаров: "Яке кундапайванд , ба забони халқӣ гӯем, дигарӣ найчапайванд. Акнун, агар ба шарте ки раис Шокирҷон Ҳакимов мешуд, ин кундапайванд мешуд, чун ба тамоми бадани ҳизб ғизо медод, лекин ҳоло ба фикрам найчапайванд шудааст ва албатта ин ҳам мева доданаш мумкин аст, лекин дар як шох ва бисёр кам."

Давоми суҳбатро худатон инҷо бубинед:

Раҳматулло Зойировро маҷбур карданд, ё худаш рафт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:25:02 0:00

Шарҳи мухтасари ҳол: Раҳматулло Зойиров, ҳуқуқшинос ва сиёсатмадори дигарандеш. Шасту чаҳор сол дорад. Муассиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аст ва замони таъсиси он то кунун раиси ҳизб буд. Аз соли 2001 то соли 2003 дар ҳукумат ба ҳайси мушовири ҳуқуқии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ кор кардааст.

Аз ин мақомаш расман истеъфо дод. Номзади илми ҳуқуқшиносӣ ва аз вакилони дифои ботаҷрибаи Тоҷикистон аст. Ошкоро сиёсатҳои ҳукуматро танқид мекунад ва борҳо мавриди латукӯби афроди ношинос қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG