Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирӣ дар Қарабоғ. Се пулиси арман ва ду сарбози озарбойҷонӣ кушта шуданд


Қарабоғи Кӯҳӣ. 5 март, 2023.
Қарабоғи Кӯҳӣ. 5 март, 2023.

Бар асари даргирӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ панҷ нафар кушта шуданд.

Вазири корҳои дохилии минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ рӯзи 5-уми март гуфт, ки дар ин даргирӣ се пулис кушта шуданд. Мақомоти Озарбойҷон ҳам гуфтанд, ки ду сарбози озарбойҷонӣ ҳангоми талоши пешгирӣ аз ҳаракати як мошин, ки ба минтақаи мавриди таниш аслиҳаи қочоқиро интиқол медод, ҷон бохтанд.

Ҳар ду ҷониб иддаои якдигарро радд карданд. Тасдиқи ин иддаои ҷонибҳо аз манбаъҳои дигар имкон надорад.

Таниш миёни Арманистон ва Озарбойҷон бар сари Қарабоғи Кӯҳӣ аз даҳсолаҳо ба ин тараф идома дорад. Дар ин минтақа асосан арманитаборон зиндагӣ мекунанд, аммо он қаламрави Озарбойҷон ба шумор меравад. Дар авоили солҳои навадуми қарни гузашта Арманистон аз ҷудоихоҳон дар ин минтақа пуштибонӣ мекард. Бар асари ин ҷанг, ки соли 1994 ба анҷом расид, ҳудуди 30 ҳазор нафар кушта шуданд.

Дар ҷараёни ҷанги шашҳафтаина дар соли 2020, Озарбойҷон бахшҳое аз Қарабоғро, ки дар назорати нерӯҳои Арманистон буд, бозпас гирифт. Дар ин ҷанг, ки бо миёнҷигарии Русия ба поён расид, беш аз 6500 нафар кушта шуданд.

Танишҳои ахир бинобар баста шудани танҳо роҳи иртиботии Қарабоғ ба Араманистон, афзоиш ёфтааст. Масъалаи асосӣ ин тафтиши мошинҳо дар ин масир мебошад. Намояндагони Қарабоғ дар суҳбат ба бахши армании Радиои Озодӣ гуфтанд, ки омода ҳастанд дар мавриди насби дастгоҳҳои "X-ray" дар ин долон гуфтугӯ кунанд, аммо бояд аз сӯи нерӯҳои ҳофизи сулҳи Русия назорат шаванд.

Озарбойҷон муҳосираи Қарабоғро рад мекунад ва бо ишора ба ин воқеият, ки мошинҳои нерӯҳои ҳофизи сулҳи Русия, ки пас аз ҷанги хунини соли 2020 дар минтақа ҷобаҷо шуданд ва ҳамчунин худравҳои Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх тавонистаанд ворид ва берун шаванд, минтақаро бо захираҳои муҳим таъмин мекунад.

Гурген Нерсисиан, вазири дохилии ҳукумати Қарабоғ гуфт, "кормандони пулис бо мошин аз тарафи Қарабоғ ба идораи пулиси мо мерафтанд. Дар мошин умуман аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ набуд". Нерсисиян афзуд, ки дар ин ҳодиса се корманди пулис ба ҳалокат расида, як нафари дигар захмӣ шудааст. Ӯ "як гурӯҳи харобкор"-и нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷонро дар ин кор гунаҳкор донист.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Озарбойҷон иддаоҳои ақалияти арманиро рад карданд ва гуфтанд, вақте артиши Озарбойҷон талош кард аз қочоқи аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ аз Арманистон ба Қарабоғ пешгирӣ кунад, ду сарбоз кушта шуданд.

Мақомоти Озарбойҷон гуфтанд, "ҳодисаи имруз як бори дигар нишон медиҳад, ки Озарбойҷон бояд як постгоҳ дар роҳи асосии миёни Арманистон ва Қарабоғ маъруф ба "долони Лочин", эҷод кунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG