Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин хароҷот барои истеҳсоли танку тӯпу аслиҳаро зиёд мекунад


Ҳукумати Чин рӯзи 5-уми март эълон кард, ки хароҷот барои артиш ва неруҳои мусаллаҳашро зиёд мекунад ва аз афзоиши таҳдидҳо аз хориҷ ҳушдор дод.

Дар бораи афзоиши хароҷоти низомӣ дар порлумони дастнишондаи Чин хабар доданд, ки қарор аст, раёсати ҷумҳурии Шӣ Ҷинпингро барои як давраи дигар тамдид кунад. Чин баъд аз Амрико дуввумин кишвари ҷаҳон аст, ки бузургтарин буҷаи низомиро дорад ва дар ҳоле онро зиёдтар мекунад, ки имсол рушди иқтисодии он 5 дар садро ташкил медиҳад ва поинтарин нишондиҳанда дар даҳсолаҳои гузашта аст.

Буҷаи имсолаи Чин 1.55 триллион юан ва ё 225 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ли Кегианг, нахуствазири Чин дар Анҷумани Мардумии Чин гуфт, ки “талошҳои хориҷӣ барои фишор ва маҳор кардани Чин шиддат мегирад.”

XS
SM
MD
LG