Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мишустин ташвиқ кардааст, ки Тоҷикистон ба ЕАЭС бипайвандад


Михаил Мишустин, сарвазири Русия
Михаил Мишустин, сарвазири Русия

Нахуствазири Русия ҳангоми сафараш ба Душанбе бори дигар Тоҷикистонро барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) ташвиқ кард. Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша мегӯянд, масъаларо меомӯзанд.

Михаил Мишустин, нахуствазири Русия, рӯзи 2-юми март дар нишасти нӯҳуми ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар Душанбе гуфт, ҳамкории наздик бо ЕАЭС метавонад, барои кишвар имкониятҳои зиёд фароҳам биорад.

Мишустин барои Тоҷикистон "имкониятҳои бемисл" ва ширкат "дар барномаҳои зарурӣ"-ро ваъда дод, аммо мушаххас аз ягон имконият ва барномае ном набурд.

"Ҳамроҳи панҷ шарики дигарамон интиқоли озоди маҳсулот, хидматрасонӣ, сармоя ва қувваи кориро дар ҳудуди созмон таъмин мекунем," -- гуфт нахуствазири Русия.

Изҳори назари Михаил Мишустин дар ҳолест, ки баъзе аз кишварҳои узв, ба мисли Қирғизистон мегӯянд, дар фикри тарки созмон ҳастанд, чун ба сабаби пеш омадани мушкилоти иқтисодию сиёсӣ бо Қазоқистони ҳамсоя, қоидаҳои созмон дуруст иҷро намешавад.

Як мушкили ҷиддии дигар дар нобаробарии вазъи иқтисодии кишварҳои узв аст, ки дар даромадҳои гумрукиву иқтисодии дигар кишварҳо таъсиргузор мешавад.

Ин иттиҳод, ки нахуст се кишвар – Русия, Беларус ва Қазоқистонро дар бар мегирифт, соли 2015 бо пайвастани Арманистон ва Қирғизистон қаламраваш васеътар шуд.

Тарафдорони пайвастшавии Тоҷикистон ба ЕАЭС дар дохили кишвар кам нест. Бахусус муҳоҷирон бовар доранд, ки дар сурати узвияти Тоҷикистон дар ин созмон вазъи онҳо дар Русия беҳтар мешавад.

Русия аз соли 2014 замони таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Тоҷикистонро барои пайвастан ба он ташвиқ мекунад. Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол ба ташвиқҳои Русия барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо ибораи кӯтоҳи "меомӯзем" ва "суду зиёнашро ба кишвар месанҷем", посух додаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG