Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди манъи сигори электронӣ дар Қирғизистон


Вакили порлумони Қирғизистон Шойирбек Тошиев
Вакили порлумони Қирғизистон Шойирбек Тошиев

Шойирбек Тошиев, вакили порлумони Қирғизистон, рӯзи 2-юми март дар ҷаласаи порлумонӣ пешниҳод кард, ки истифодаи сигори электронӣ дар он кишвар манъ шавад.

Ин вакил гуфт, аз он нигарон аст, ки сигори электрониро бештар духтарон истифода мекунанд.

Тошиев афзуд, Вазорати ҳифзи тандурустӣ ва мақомоти дигар бояд дар бораи зарари сигори электронӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маъракаи иттилоотӣ гузаронанд.

"Сигорҳои электрониро аз Чин меоранд, таркиби онҳо маълум нест, аз чӣ иборат аст. Ҳар дувумин духтар онро истифода мекунад. Ин масъаларо бояд дар сатҳи давлат баррасӣ кард", - гуфт Тошиев.

Манъи истифодаи сигори электронӣ дар порлумони Қирғизистон борҳо баррасӣ шудааст. Дар моҳи ноябри соли 2022 вакили дигари порлумони он кишвар Улан Бакасов тарҳи қонунеро дар бораи манъи фурӯши чунин сигорҳо таҳия карда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG