Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози соҳибкорон дар Бишкек зидди низоми нави андозбандӣ


Соҳибкорони бозорҳои "Дордой-Дийкан", "Дордой-моторс", "Азиз" ва "Бозори Ӯш" дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 2-юми март ба зидди тартиби нави андозбандӣ эътироз карданд.

Иштирокдорони эътироз талаб доранд, аз онҳо мутобиқ ба даромадашон андоз ситонида шавад, дастгоҳҳои хазинавӣ ва назоратӣ ва андози ягона аз фаъолияти тиҷоратӣ бекор карда шавад. Соҳибкорон ҳамчунин гуфтанд, ки аз пардохти андоз саркашӣ намекунанд.

Эътирозгарон талаб карданд, ки вакилони порлумон ва президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) наздашон бароянд. Дертар муовини Хадамоти андози Қирғизистон Ислом Қидиргичев ба назди эътирозгарон баромад, аммо ба вай имконияти суҳбат карданро надоданд.

Тартиби нави андозситонӣ дар Қирғизистон аз 1-уми январи соли 2023 ҷорӣ шуд.

Дар ибтидои моҳи январ садҳо соҳибкор ба ин монанд эътироз баргузор карда буданд. Дар посух мақомоти Қирғизистон миёни соҳибкорон корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG