Маҷмаи умумии Созмони Милал рӯзи 23-юми феврал бо аксарияти раъйи кишварҳои узв ҳамлаи низомии Русияро ба Украина маҳкум кард. Тоҷикистон, Чин, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Узбекистон ва Ҳинд аз ҷумлаи кишварҳое буданд, ки аз раъй додан худдорӣ варзиданд.
141 кишвар аз қатънома пуштибонӣ карданд, вале Русия ҳамроҳи Беларус, Мали, Никарагуа, Сурия, Кореяи Шимолӣ ва Эритрея мухолиф баромаданд.
Дар қатънома, ки дар остонаи солгарди ҳамлаи Русия қабул шуд, аз Маскав хоста шуд, нерӯҳои худро аз Украина берун кунад ва ба ҷанг поин бидиҳад. Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, пас аз раъйдиҳии кишварҳо дар "Твиттер" навишт, "қатънома паёми қавии ҳимояти ошкори ҷаҳонӣ аз Украина аст".
Муовини сафири Русия дар Созмони Милал дар "Твиттер" қабули қатъномаро дар Созмони Милали Муттаҳид "бефоида" хонд ва навишт, "оё ин қатънома сулҳро ба армуғон меорад? Не! Оё ҷангафрӯзонро ҷасур мекунад? Бале! Бинобар ин фоҷеаи Украинаро дарозтар мекунад".
Тибқи гузоришҳо, шумори зиёде аз намояндагони кишварҳои ҳозир дар нишасти Маҷмаи умумии СММ ҳангоми суханронии намояндаи Русия аз ҷаласа берун рафтанд. Русия қатъномаро "нобаробар ва зиддирусӣ" хонд ва аз кишварҳои ҷаҳон хост, дар сурати ислоҳ накардани қатънома, ба он раъйи манфӣ медиҳад.
Беларус -- муттаҳиди Маскав талошҳои зиёде барои тағйири матни қатънома анҷом дод, аммо дар ниҳоят кӯшишҳояш бенатиҷа буд.
Аз замони оғози ҳамлаи низомии Русия ба Украина, кишварҳои ғарбӣ ба маблағи миллиардҳо доллар аслиҳа дар ихтиёри Украина қарор доданд. Амрико ва НАТО ҳафтаи гузашта Чинро муттаҳам карданд, ки дар садади фиристодани аслиҳа ба Русия аст ва ба Пекин дар ин робита ҳушдор доданд.
Дар остонаи якумин соли ҳамлаи низомии Русия ба Украина, Антонио Гуттериш, дабири кулли СММ низ ин ҳамларо маҳкум кард ва онро "нақз"-и дастурамали ин созмон ва қонунҳои байналмилалӣ донист.
Оқои Гуттериш гуфт, "мо таҳдидҳои ошкоре дар бораи истифодаи аслиҳаи ҳастаӣ шунидаем. Истифодаи ба истилоҳ тактикии силоҳҳои ҳастаӣ аз бунёд ғайри қобили қабул аст. Вақти он фаро расидааст, ки аз лаби ҷар ақиб биншинем".
Ҳамзамон, порлумони Украина бо қабули тарҳе ҳама муассисаҳо ва ниҳодҳои молии Русия, аз ҷумла Бонки марказӣ, ҳамаи бонкҳои хусусӣ ва ширкатҳои сармоягузорӣ ва суғуртаи ин кишварро ба муддати 5 сол таҳрим кард. Қабули ин қонун бахше аз талошҳои Украина ба ҳадафи идомаи фишори иқтисодӣ ва молӣ ба Русия аст.
Дар ҳамин ҳол, Идораи Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон хабар дод, ки аз оғози ҳамлаи низомии Русия ба Украина беш аз 8 ҳазор ғайринизомиён кушта шудаанд. Дар гузориши нави идора омадааст, аз 24 феврали соли 2022 то 15 феврали имсол дар ҷанги Украина 8006 кас, аз ҷумла 487 кудак ҷон бохтааст. Ҳамчунин 13 287 сокини маҳаллии дигар бо шумули 954 ноболиғ захмӣ гаштааст.
Шумори бештари кушташудаҳо ва захмиён сокинони вилоятҳои Луҳанск ва Донетски Украина ҳастанд. Дар ин ду вилоят 4 ҳазору 285 кас кушта ва 7 ҳазору 327 тан захмӣ шудааст.
Идораи Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон бар ин аст, ки шумори воқеии қурбониён метавонад бештар аз ин бошад, зеро аксари вақт оморҳо аз минтақаҳои даргир ботаъхир мерасанд. Маълумоти шаҳрҳои Мариупол, Изюм ва Волновахаи Украина ба ин омор шомил карда нашудаанд.
Ҳам ҷониби Русия ва ҳам Украина қаблан шумори кушташудаҳои нерӯҳои низомии худро ҳазорҳо нафар эълон карданд. Омори дақиқи қурбониёни нерӯҳои мусаллаҳи ду кишвар дар даст нест.
Гуфтугӯ