Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзилаи 6,8-дараҷаӣ Тоҷикистонро такон дод


Заминларзаи шадид субҳи 23-юми феврал қаламрави Тоҷикистонро такон дод.

Зилзила дар Чин, Афғонистон, Покистон, Қирғизистон ва Узбекистон ҳам ҳис шудааст.

Ба гуфтаи Маркази зилзилашиносии Амрико, маркази зилзила дар 47-километрии Аличури Мурғоб, воқеъ дар шарқи Тоҷикистон, мебошад.

Қувваи зилзила дар маркази он 6,8 дараҷа будааст. Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз телевизиони давлатии Чин шиддати зилзиларо 7,2 дараҷа гузориш дод.

То ба ҳол дар мавриди хисороти заминҷунбӣ маълумоте ба даст нарасидааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар Фейсбук навишт, ки "дар Сарез ҳама чиз ором аст. Ором бошед".

Кӯли Сарез дар минтақаи наздик ба маркази зилзила ҷойгир аст. Ин кӯл соли 1911 бар асари кӯчиши кӯҳ миёни ноҳияҳои Рӯшону Мурғоби имрӯз ба вуҷуд омада, ҳудуди 17 миллиард метри мукааб об дорад.

Мутахассисон мегӯянд, дар сурати рахнашавии оби Сарез, на танҳо сокинони рустоҳои Бадахшони Тоҷикистон, балки сокинони кишварҳои дигари поёноби минтақаи Осиёи Марказӣ низ бо хатар рӯ ба рӯ мешаванд

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG