Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади 9 сокини Мурғобро ба наздиконашон додаанд


Хоруғ
Хоруғ

Ҷасади нӯҳ қурбонии тармаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 21-уми феврал ба наздиконашон дар ноҳияи Мурғоб супурдаанд.

Онҳо муваққатан дар шаҳри Хоруғ мезистанд ва рӯзи 15-уми феврал бар асари фаромадани тарма ё баҳман ҷон бохтанд.

Мақомоти Бадахшон гуфтанд, ҷасади сокинони Мурғобро барвақт аз зери барф берун оварданд, аммо ба сабаби тармафароии пайиҳам ва бадии ҳаво натавонистанд, зуд ба хонаҳояшон расонанд.

Ба хабари расмӣ, ба оилаи ҳар кадоме аз онҳо 40 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан чаҳор ҳазор долларӣ, додаанд.

Ҳафтаи гузашта бар асари фаромадани тарма дар вилояти Бадахшон 16 кас ҷон бохта, чандин нафари дигар маҷруҳ ва бесарпаноҳ монданд.

Намояндагони идораи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, аз қабл мардумро аз хатари тарма огоҳ карда буданд. Баъзе аз сокинон мақомотро танқид мекунанд, ки ба фалокат ва рафъи пайомадҳои он омода набуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG