Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден: Русия ҳеч вақт дар ҷанги Украина пирӯз нахоҳад шуд. ВИДЕО


Лаҳистон, 21-уми феврали 2023
Лаҳистон, 21-уми феврали 2023

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, дар Варшава, маркази Лаҳистон (Полша), бори дигар пуштибонии собити кишварашро аз Украина дар набард бо Русия баён дошт.

Изҳороти ӯ рӯзи 21-уми феврал, пас аз чанд соати суханронии Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, садо дод. Путин аз ҳамлаи бедалели кишвараш ба Украина дар моҳи феврали соли гузашта ҳимоят кард.

“Як сол пеш ҷаҳон барои вожгунии Киев омода буд,” -- гуфт Байден ва дар айни замон афзуд, “ҳоло гуфта метавонам, ки Киев нерӯманд, ифтихорманд ва сарабаланд истодааст. Муҳимтар аз ҳама, озод аст.”

Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, “диктаторе, ки нияти эҳёи империяро дорад, ҳеч гоҳ муҳаббати мардумро ба озодӣ кам карда наметавонад. Ваҳшигарӣ ҳеч гоҳ ба иродаи озодихоҳон осеб нахоҳад расонд. Русия ҳеч гоҳ дар Украина пирӯз нахоҳад шуд. Ҳеч вақт.”

Аз ин пеш Владимир Путин дар паёме иддао кард, ки Ғарб ба будани Русия таҳдид мекунад. Кишварҳое, ки пас аз таҷовузи Русия ба хоки Украина дар тақрибан як сол қабл дар канори Киев саф кашиданд.

Путин рӯзи 21-уми феврал дар паёмаш ба Шӯрои Федератсия гузориши ошно ва аксаран дурӯғро дар бораи Украина ва масоили дигар такрор кард. Иддао кард, ки кӯшидааст, аз ҷанг пешгирӣ кунад, “вале дар паси мо сенарияи тамоман дигар омода мешуд”.

Байден дар Варшава бар хилофи иддаои Путин гуфт, “Ғарб қасди ҳамла ба Русияро надорад. Миллионҳо шаҳрванди Русия, ки мехоҳанд дар канори ҳамсояҳои худ ва дар оромиш зиндагӣ кунанд, низ душман нестанд.”

Суханронии Путин бояд моҳи декабри соли гузашта садо медод, аммо ба сабаби нокомӣ дар минтақаҳои ҷанг то моҳи феврал ба таъхир уфтод. “Онҳо ҷангро оғоз карданд. Мо барои поён доданаш аз зӯр истифода мекунем,” -- гуфт Путин.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 20-уми феврал ногаҳонӣ ба Киев рафт. Пуштибонии кишварашро аз Украина баён дошт. Ваъда дод, ки 500 миллион доллари дигар ёрӣ мекунанд. Аз онҷо ба Лаҳистон гузашт.

Байден дар Варшава бо раисҷумҳури Лаҳистон Анджей Дуда вохӯрд. Касе, ки аз пуштибонҳои аслии тақдими аслиҳа ва ёриҳои дигар ба Украина дар муқобила бо нерӯҳои Русия аст.

“Аз ҳама кишварҳои аврупоӣ, кишварҳои узви НАТО даъват мекунам, ки бо Украина ҳамраъй бошанд, пуштибонии низомӣ кунанд, аз дастгирӣ натарсанд,” – изҳор дошт Дуда.

Путин дар бораи ҷанг дар Украина чӣ гуфт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:43 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG