Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон ба тахриби ҳайкали Алишер Навоӣ дар Афғонистон вокуниш кард


Алишер Навоӣ
Алишер Навоӣ

Гурӯҳи Толибон, ки якуним соли пеш дубора дар Афғонистон ба сари қудрат омаданд, хабари тахриби муҷассамаи Алишер Навоиро тасдиқ карда, ин амалро “вандализм” хонданд.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон аз тахриби муҷассамаи Навоӣ дар Мазори Шариф, маркази вилояти Балх изҳори таассуф карда, бо намояндагони Толибон тамос гирифтаанд.

Дар суҳбат бо дипломатҳои Узбекистон, Толибон гуфтаанд, тахриби муҷассама кори дасти афроди ношинос аст. Дар ин бора Аҳрор Бурҳонов, намояндаи Вазорати корҳои хориҷаи Узбекистон хабар додааст.

“Намояндагони Афғонистон, изҳор доштанд, ки барои барқарор кардани пайкараҳо чораандешӣ мекунанд ва ба ёдгориҳои муштараки мо эҳтиром мегузоранд,” -омадааст, дар хабарномаи Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон.

Расонаҳои Узбекистон навиштаанд, Толибон ба Вазорати хориҷаи Узбакистон ваъда додаанд, ки пайкараи шоирро барқарор мекунанд.

Ахиран рӯзномаи “Ҳашти субҳ” аз вайрон шудани муҷассамаи Алишер Навоӣ дар вилояти Балхи Афғонистон хабар дод. Дар гузориш таъкид шудааст, ки Шӯрои муқовимати миллии Афғонистон, ки мухолифи ҳукумати Толибон аст ин амалро маҳкум карда, барои барқарор кардани хисороти расида, Толибонро ҷавобгар кардааст

Қаблан хабар дода шуда буд, ки баробари омадани Толибон ба сари қудрат дар шаҳри Шибирғони Афғонистон деворе бо тасвири Алишери Навоӣ тахриб карда шуд.

Шоир ва муттафакири узбек, Алишер Навоӣ, соли 1441 дар Ҳироти Афғонистон ба дунё омадааст. Он замон ин сарзамин зери тасарруфи Темуриён қарор дошт.

Толибон то имрӯз чандин муҷассамаву пайкараҳоро ба унвони осори ғайриисломӣ тахриб кардаанд.

XS
SM
MD
LG