Дар шимолу шарқи Сурия нерӯҳои амрикоӣ дар ҳамкорӣ бо нерӯҳои курд як раҳбари баландмақоми ДОИШ-ро куштанд.
Ҷо Баккино, намояндаи Фармондеҳии марказии Амрико ба расонаҳо гуфтааст, ки Ҳамза-ал-Ҳомсиро тариқи назорати чархболӣ пайдо карданд.
Дар амалиёти зиддӣ ӯ чор низомии амрикоӣ ва як саг захмӣ шудааст.
Аҳолии маҳаллӣ осеб надидаанд.
Ин амалиёт бо нерӯҳои демкоратии Сурия, ки аксаран курд ҳастанд, ҳамоҳанг шуда будааст. Ҷузъиёти он ҳанӯз маълум нест.
Нерӯҳои курд, як бахши калидии мубориза бо ДОИШ дар ҳудуди Сурия ва Ироқ буданд.