ИМА ва шариконаш нақша доранд, ки дар арафаи аввалин солгарди таҷовузи Русия ба хоки Украина, ки ба 24-уми феврал рост меояд, бастаи нави таҳримҳои зидди Маскавро эълон кунанд.
Рӯзи чоршанбе мақомдори баландпояи Департаменти давлатии ИМА Виктория Нуланд гуфт, бастаи нави таҳримҳои бузурги ИМА ва гурӯҳи ҳафт кишвари саноатии олам маъруф бо номи "Ҷӣ-7" дар арафаи солгарди таҷовуз ба хоки Украина муаррифӣ мешавад.
Ӯ афзуд, таҳримҳо соҳаҳои фанновариҳои мавриди истифодаи саноати дифоии Русия, афроди алоҳида ва низоми бонкии Русияро дар бар хоҳанд гирифт.
Русия як соли пеш бедалел ба Украина ҳамла кард. Дар як соли гузашта ҳазорон украинӣ кушта ва миллионҳо нафари дигар овора шуданд.