Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Китобдори шинохта мехоҳад, дар Тоҷикистон ҷамъияти зардуштиёнро ташкил диҳад. ВИДЕО


Зардуштии маъруфи тоҷик дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба хок супурда шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00

Зардуштии маъруфи тоҷик дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба хок супурда шуд

Як фаъоли маданӣ дар Тоҷикистон пешниҳоди таъсиси ҷамъияти "Зардуштиёни Тоҷикистон"-ро кардааст.

Мавзуи таъсиси ин ҷамъият пас аз марги Одина Шоҳӣ, аз камтарин пайравони оини Зардуштӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ) ба миён омадааст. Одина Шоҳӣ рӯзи 9-уми феврал дар синни 92-солагӣ даргузашт ва аз камтарин нафаре дар Тоҷикистон буд, ки мегуфт, пайрави оини қадимӣ аст.

Абдуқодир Талбаков, мудири китобхонаи "Лоҳутӣ" дар Душанбе ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ба хонаи Одина Шоҳӣ ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рафта буд, гуфт, дар андешаи таъсиси ҷамъияти "Зардуштиёни Тоҷикистон" аст.

Ӯ гуфт, марги Одина Шоҳӣ ин андешаро дар зеҳни ӯ бедор кардааст. “Марги ин абармард маро ба хулосае овард, ки акунун оташи зардуштӣ бояд хомуш нашавад. Ман дар сари гури бобои Одина Шоҳӣ мегӯям, ки ман муваззаф мешавам, то ин роҳро давом диҳам,”--гуфт, ӯ.

Зардуштия, як ойини қадимии пеш аз ислом аст. Бовармандони ин ойин дар Тоҷикистон бо дарназардошти ҳассосиятҳои мазҳабӣ пайравии худ аз ин динро пинҳон мекунанд. Теъдоди пайравони ин ойин дар Тоҷикистон дақиқ нест. Абдуқодир Талбаков, ки худро пайрави зардуштия медонад, мегӯяд, ҳоло дар гӯшаҳои ҷаҳон 200 ҳазор пайрави зардуштӣ аст.

“Акнун тасмими ман ҳамин аст, ки ҷаъмиятӣ зардуштони Тоҷикистонро бояд расмӣ кард. Ташкилоти динии Зардуштияро бояд расмӣ кард, зеро мо ҷомеаи демократӣ бунёд карда истодаем, қонун ва сарқонун моро иҷозат медиҳад. Гузашта аз ин ҳудуди 200 ҳазор нафар зардуштӣ дар тамоми олам бесоҳибанд ва ҷазираи ақвоми ориё ҳоло Тоҷикистон аст,”—гуфт ӯ.

Тоҷикон то пазируфтани дини ислом аз дини зардуштӣ пайравӣ мекарданд. Дар асрҳои 8-9 тоҷикон исломро пазируфтанд ва ба тадриҷ пайравони ойини қадимӣ кам шуд. Ҳоло бино бар омори расмӣ, зиёда аз 90 дарсади аҳолии Тоҷикистон мусулмон аст.

Зардуштиёни Тоҷикистон пас аз қатли Рӯдакии Самадии Зарандӣ, рӯзноманигор ва раҳбари собиқашон дар аввали солҳои 2000-ум соҳиби анҷумане нестанд.

Абдуқодир Талбаков, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мусулмонони даъватгар дар кашокаш аст, баъди 23-сол аввалин нафарест, ки мехоҳад ҷамъияти "Зардуштиёни Тоҷикистон"-ро расман сабти ном кунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG