Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди ҷонбохтагони зилзила ба беш аз 24 ҳазор кас расид


Антакя, Туркия, 10-уми феврали 2023
Антакя, Туркия, 10-уми феврали 2023

Бастаи ёриҳои байнулмилалӣ рӯзи 11-уми феврал ба бахшҳое аз Туркия ва Сурия ворид шуд.

Ҷое, ки бар асари заминларзаи шадид беш аз 24 ҳазор кас ҷон бохта, ҷустуҷӯйи одамон дар зери вайронаҳо идома дорад. Ҳодиса рӯзи 6-уми феврал рӯй дод.

Сармои шадид кори наҷотбахшонро дар минтақаҳои офатзада сахт карда, ранҷу азоби миллионҳо нафарро, ки ба кумак эҳтиёҷ доранд, бештар намудааст.

Дар пайи заминларза танҳо дар Сурия то 5,3 миллион нафар бесарпаноҳ мондаанд.

Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дод, ки камаш 870 ҳазор нафар дар Сурия ва Туркия фаврӣ ба ғизо ниёз доранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG