Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон ба Туркия 1 миллион доллар медиҳад


Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, ба ҳукуматаш дастур дод, ки ҳамчун кумаки фаврӣ ба Туркия 1 миллион доллар фиристанд. Дар ин бора мақомоти Қазоқистон 8-уми феврал хабар доданд.

Мақомоти Қазоқистон бо ҷониби Туркия ҳамчунин масъалаи расонидани кӯмаки иловагиро барои раъфи оқибатҳои зилзила баррасӣ кардаанд.

Рӯзи 7-уми феврал 41 наҷотбахш ва пизишки қазоқистонӣ ба шаҳри Ғозиёнтепи Туркия рафтанд ва дар бартарафсозии оқибатҳои заминларза кӯмак мерасонанд.

Теъдоди умумии қурбониёни заминларза дар ҷануби Туркия ва минтақаҳои шимолии Сурия ба 11 ҳазор нафар расид.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG