Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон ирсоли 178 тонки "Леопард 1"-ро ба Украина тасдиқ кард


Тонки навъи "Леопард"
Тонки навъи "Леопард"

Ҳукумати Олмон ирсоли 178 тонки навъи "Леопард 1"-ро ба Украина тасдиқ кард. Дар ин бора дар изҳороти муштараки вазирони иқтисод ва мудофиаи Олмон хабар дода шудааст.

Ба иттилои телевизиони ARD, ҳудуди 20 тонк ибтидои тобистон ба Украина ирсол хоҳад шуд. То семоҳаи дувуми соли 2024 бештар аз 100 тонки дигар ба Украина ирсол мешавад.

Айни замон тонкҳо дар корхонаҳои саноатӣ ва ё дар анборҳо ҳастанд.

Ба навиштаи нашрияи Süddeutsche Zeitung, корхонаҳои саноати мудофиаи Олмон 90 тонки "Леопард 1"-ро таъмир мекунанд, ки солҳост дар анборҳо нигаҳ дошта мешаванд. 88 тонки дигарро аз Итолиё меоранд.

Вазири мудофиаи Олмон Борис Писториус вориди Киев шудааст. Вай овардани тонкҳои олмониро ба Украина тасдиқ кард.

Вазорати мудофиаи Олмон ҳанӯз дар соли 2003 истифодаи тонкҳои навъи "Леопард 1"-ро манъ ва онҳоро ба навъи "Леопард 2" иваз кардааст. Навъи дувум зудтар ҳаракат мекунад ва беҳтар мусаллаҳ шудааст.

Ду ҳафта пеш садри аъзами Олмон Олаф Шолтс гуфт, ки кишвараш ба Украина 14 тонки навъи "Леопард 2" низ ирсол хоҳад кард. Ин тонко бояд то охири моҳи марти имсол ба Украина расанд.

Сафири Русия дар Олмон Сергей Нечаев тасмими Берлинро барои ирсоли тонкҳо "хеле хатарнок" номид. "Тасмими мазкур низоъро ба сатҳи нав мерасонад ва ин тасмим хилофи изҳороти сиёсатмадорони Олмон аст, ки гуфта буданд, намехоҳанд, Олмонро ба низоъ ворид кунанд", - гуфт Нечаев.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфт, ирсоли "Леопард"-ҳо барои муносибатҳои ояндаи Москваву Берлин беҳбудие намеорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG