Ангезаи рафтори онҳо маълум нест. Таҳлили омори додугирифти ҷонибҳо нишон медиҳад, ки Душанбе соли гузашта содироти барқро ба Афғонистон афзуда, ҳамзамон нархи миёнаи онро андаке поин овардааст.
Раёсати “Барқи тоҷик” дар аввали соли 2022 аз созиш барои интиқоли тақрибан 1,5 миллиард киловат соат нерӯи барқ ба Афғонистон (ба тақрибан 4,6-сентӣ барои ҳар киловат соат) хабар дод.
Бар асоси омори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ин нишондод давоми сол ба тақрибан 1,7 миллиард киловат соат расид ва бо нархи миёнаи 4,3-сентӣ.
Барои муқоиса дар соли 2021 Тоҷикистон ба нархи миёнаи 4,42-сентӣ ба кишвари ҳамсоя барқ фурӯхтааст. Тибқи омори Хадамоти гумрук, дар он сол Тоҷикистон ба Афғонистон ба маблағи қариб 58 миллион доллар зиёда аз 1,3 миллиард киловат соат барқ дода буд.
Поин рафтани нархи миёнаи фурӯши барқи Тоҷикистон ба Афғонистон дар ҳолест, ки бар асоси созишномаи пешинаи мақомоти ду кишвар, арзиши он бояд ҳар сол ҳудуди 3 дарсад афзуда шавад.
Бо вуҷуди зиёд нашудани нарх, ҷониби Афғонистон аз пардохти ҳаққи барқи Тоҷикистон қарздор мондааст. Вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, Далер Ҷумъа, мегӯяд, “ин раванди корӣ аст" ва қаблан низ чунин маврид ҷой дошт.
Узбекистон харидори дигари барқи Тоҷикистон аст. Душанбе дар соли 2022 ба маблағи 33,4 миллион доллар (1 миллиарду 670 миллион киловат соат) ба Тошканд барқ додааст. Ҳар киловаташ муодили ду сент.
Дар баробари ин, Тоҷикистон аз Узбекистон ба маблағи наздик ба 16 миллион доллар (беш аз 796 миллион киловат соат) нерӯи барқ гирифтааст.
Масъулони бахши энержии Тоҷикистон дар мавриди фурӯши барқ ба хориҷа дар соли равон, аз ҷумла ба Афғонистону Узбекистон, иттилоъ намедиҳанд.
Раиси “Барқи тоҷик”, Муҳаммадумар Асозода, ҳафтаи гузашта гуфт, содироти барқ асосан дар панҷ моҳи гарми сол – аз май то октябр – амалӣ мегардад.
Ӯ содироти нерӯи барқро дар фасли сармо бисёр кам – ҳудуди 40-45 мегаватт – гуфт. Содироти барқ дар фасли сармо ба Афғонистон як сол пеш ҳудуди 25-30 мегаватт гуфта мешуд.
Коршинос Амони Асрор бо зикри тамоюли афзоиши сол ба соли содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар фасли сармо гуфт, “45 мегаватт низ дар шароити камбуди шадиди барқ дар худи кишвар нерӯи кам нест. Ин миқдор тавони рӯшан нигоҳ доштани қариб ним миллион чароғи каммасрафро дорад.”
"Дар фасли сармо талабот ба нерӯи барқ дар кишвар зиёд мешавад. Мақомотро зарур аст, пеш аз ҳама, талаботи аҳолиро дар дохил таъмин кунанд," – афзуд ӯ.
Ҳар сол дар айёми тирамоҳу зимистон дар Тоҷикистон маҳдудияти барқ ҷорӣ мешавад. Мақомот ҳамеша онро ба таъмири хатҳои барқу камии об дар рӯдхонаҳо рабт медиҳанд. Изҳороте, ки сокинон ба шуниданаш одат кардаанд, вале камтар бовар мекунанд.
Гуфтугӯ