Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистону Қирғизистон гуфтугӯи нишонагузории марзро оғоз карданд


Мақомоти Қирғизистон ва Узбекистон баъди ба поён расидани раванди таъйини хатти марзҳои давлатии ду кишвар ба аломатгузории он пардохтанд.

Бино ба иттилои хабаргузории узбекии "Газета.уз", нахустин мулоқоти гуруҳҳои кории ду кишвар барои аломатгузории марзҳо аллакай баргузор шуда, қарор аст, рӯзҳои наздик мулоқоти дувум низ барпо шавад.

Муовини вазири умури хориҷии Узбекистон Баҳромҷон Алоев ҳам рӯзи сешанбе гуфт, ки гуруҳҳои кории ду кишвар оид ба аломатгузории марз гуфтугӯро оғоз карданд.

Раванди таъйини хати марзи давлатии Қирғизистон ва Узбекистон охирҳои моҳи январи имсол расман ба поён расид. Раҳбарони ду кишвар Шавкат Мирзиёев ва Содир Ҷабборов (Жапаров) санадҳои тасвибшударо дар шаҳри Бишкек табодул карданд.

Қирғизистону Узбекистон 1378 километр сарҳад доранд. Пас аз гуфтушунидҳои соли 2017 гузориш дода шуда буд, ки 85 дарсади сарҳад таъину нишонагузорӣ шуда, 15 дарсади дигар мондааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG