Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавқеи ду Оҷонсӣ дар бораи худкушии Асад Баҳромов


Асад Баҳромов
Асад Баҳромов

Сабабҳои худкушии як корманди идораи ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Панҷакент ҳанӯз эълон нашудааст.

Асад Баҳромов (Мардонович)-и 59-соларо рӯзи 11-уми январи имсол дафн карданд.

Наздиконаш гуфтанд, ӯ пас аз бозпурсии маъмурони Оҷонси зидди фасод ва зери фишори равонӣ худкушӣ кард.

Раиси Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон мегӯяд, дар кори зердасташ "ягон камбудӣ ё норасоӣ набуд".

"Мунтазири хулосаи мақомот ҳастем. Санҷиш идома дорад. Бояд сабабро муайян кунанд. Дар вазифае, ки кор мекард, ягон масъулияти молиявӣ надошт," – гуфт Дилмурод Давлатзода рӯзи 7-уми феврал.

Дар посух ба ин суол, ки оё натиҷаи бозпурсӣ чизеро ошкор кард ё не, ҳуқуқдони Оҷонси ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа гуфт, "санҷиш махфӣ аст, маълумот надорем."

Дафтари матбуоти Оҷонси зидди фасод ҳанӯз рӯзи 19-уми январ дар изҳороте гуфт, ҳанӯз моҳи ноябри соли гузашта нисбат ба Асад Баҳромов ба иттиҳоми суистифода аз ваколатҳои мансабӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда буд.

Масъулони Оҷонси зидди фасод тасдиқ кардаанд, ки Асад Баҳромов бозпурсӣ шудааст, вале ӯ "ягон бор ба кори муфаттишон изҳори нигаронӣ накардааст."

Пештар як манбаъ дар Додситонии шаҳри Панҷакент ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки марги Асад Баҳромовро таҳқиқ доранд. Ба гуфтаи ӯ, аз ҷайби ин корманди собиқи идораи давлатӣ мактубе ёфтаанд, ки эҳтимол дар он чизеро ошкор кардааст. Натиҷааш номаълум аст.

Асад Мардонов дар гузашта дар идораи "Агропром"-и шаҳри Панҷакент кор мекард. Ӯ бародари Мухбил Мардонов, муовини собиқи раиси шаҳри Панҷакент аст.

Дар гузашта чанд мавриди худкушии кормандони идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст. Аз ҷумла, раиси корхонаи "Замини Ғончӣ"-и ноҳияи Деваштич, Эгамбердӣ Худойбердиев, соли 2013 ва пас аз ошкор шудани мавридҳои фурӯши замин дар ин ноҳия даст ба худкушӣ зада буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG