Бино ба натиҷаҳои пажӯҳиши нав, бо вуҷуди иҷрои қонунҳои сахтгирона дар сатҳи ҷаҳон тавлиди пластикҳои якдафъаӣ дар солҳои 2019-2021 ҳудуди шаш миллион тонна дар сол афзоиш ёфтааст. Гузориш рӯзи 6-уми феврал нашр шуд.
Пластикҳои якдафъаӣ ба яке аз таҳдидҳои бузург барои муҳити зист мубаддал шудааст ва ҳар сол миллион тонна аз ин модда дар партовҳо гӯронида мешавад ва ё дар дарёҳо, уқёнусҳо ва баҳрҳо рехта мешавад. Раванди тавлиди ин модда низ яке аз манбаъҳои муҳими олудагии ҳаво гуфта мешавад.
"Бунёди Миндероо" дар Австралия дар бахше аз таҳқиқоти худ бо номи "Шохиси партовҳои пластикӣ" меафзояд, аз назари ҳаҷми тавлиди маводе, ки пластики якдафъагӣ аз он сохта мешавад, ширкати Exxon Mobil дар садри ҷадвал ва ширкати чинии "Sinopec" дар ҷойи дувум қарор дорад.
Аз назари таъсиси корхонаҳо барои тавлиди пластики якдафъагӣ, ширкати чинии "Sinopec" байни солҳои 2017-2019 дар мақоми аввал буда ва қарор аст ҳаҷми тавлиди он дар умум ба панҷ миллион тонна дар сол бирасад. Зарфияти тавлиди ширкати Exxon Mobil ҳудуди чаҳор миллион тонна дар сол аст.
Ширкати Exxon Mobil ҳозир нашудааст дар мавриди ин пажӯҳиш изҳори назар кунад.
Sinopec дар баёнияе гуфтааст, ки аввалин ширкати чинӣ аст, ки ба тарҳе бо номи "Эътилоф барои поён додан ба партовҳо" пайвастааст ва дар ҳоли таҳқиқ барои тавлиди пластикҳои заволпазир ё азбайнраванда аст.
Ин тарҳ мавриди пуштибонии ширкатҳои бузург дар саросари ҷаҳон аст, ки аз истифодаи ин гуна пластикҳо ҳимоят мекунад.
Бозори Чин яке аз сабабҳои муҳими афзоиши талабот ва истифодаи пластикҳои якдафъагӣ дар 15 соли гузашта будааст.
Бо вуҷуди амалӣ шудани қонунҳои сахтгирона ва манъи тавлиди бархе маҳсулоти пластикии якдафъагӣ дар соли 2019, ниме аз 15 миллион тонна дар сол, ки байни солҳои 2019-2021 дар ҷаҳон тавлид шуд, ба Чин рост меояд
Ҳукумати Чин соли гузашта дар барномаи панҷсолаи худ эълон кард, ки бо афзоиши тавлиди пластикҳо муқобила хоҳад кард, тавлид ва истифодаи пластики якдафъагиро ба ҳадди назаррас коҳиш хоҳад дод ва бархе навъҳои онро манъ мекунад.
Пешбинӣ мешавад, ки раванди рӯ ба афзоиши тавлиди пластика дар Чин кунд шавад, вале бар асоси ёфтаҳои пажӯҳиши нав, ниме аз 20 ширкати бузурги петрохимӣ дар Чин ният доранд, ки то соли 2027 тавлиди маводи аввалияеро, ки пластикҳои якдафъагӣ аз он тавлид мешаванд, афзоиш диҳанд.
Ин пажӯҳиш хотирнишон мекунад, ки дар соли 2021 ҳудуди 137 миллион тонна пластики якдафъагӣ тавлид шудааст ва пешбинӣ мекунад, ки то соли 2027 тавлиди ин гуна пластикҳо ҳудуди 17 миллион тонна дар сол афзоиш хоҳад ёфт.
Гуфтугӯ