Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи 39 муттаҳам дар ҳодисаҳои Нуқус шуруъ гардид


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар додгоҳи вилоятии Бухорои Узбекистон муҳокимаи парвандаи 39 айбдоршаванди дигари эътирозҳои шаҳри Нуқуси он кишвар шуруъ гардид. 20 тан аз боздоштшудаҳо дар ташкили беназмиҳои оммавӣ айбдор мешаванд, 7 тани дигар дар паҳнсозии маводе, ки ба амнияти ҷамъият хатар дорад.

Ба илова, 7 тани дигар дар доираи парвандаи мазкур дар расонидани зарар ба саломатии одамони дигар, чаҳор тани дигар дар аз худсозии ғайриқонунии аслиҳа айбдор мешаванд. Як боздоштшудаи дигар дар ғоратгарӣ бо истифода аз хушунат айбдор мешавад.

Миёни ин айбдоршавандаҳо ҳуқуқшиноси бонк, вакили мудофеъ, рӯзноманигор, ронанда, бекорон ва ғайраҳо ҳастанд. Ҳамаи онҳо ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.

Рӯзи 31-уми январ дар шаҳри Бухоро муҳокимаи парвандаи 22 тан аз иштирокдорони дигари эътирозҳои Нуқус ба поён расид. Рӯзноманигор Давлатмурод Тоҷимуродов, ки тафтишот ӯро ташкилкунандаи асосии эътирозҳои тобистони соли 2022 дар шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистони Узбекистон номид, 16 сол зиндонӣ шуд. Додгоҳ ҳамчунин 15 тани дигар аз иштирокдорони эътирозҳоро аз 3 то 8,5 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Айбдоршавандаҳои дигар дар доираи парвандаи мазкур рӯзи 31 январ ҳукмҳои шартӣ гирифта, аз толори додгоҳ озод шуданд.

Эътирозҳо дар Қарақалпоқистони Узбекистон баъди он шуруъ шуданд, ки тарҳи нави Конститутсияи он кишвар нашр гардид. Дар тарҳи нав мақоми Қарақалпоқистон ҳамчун ҷумҳурии мустақил бекор ва он аз ҳаққи хориҷ шудан аз ҳайати Узбекистон маҳрум гардида буд.

Ба иттилои мақомоти Узбекистон, дар ҳодисаҳои шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон рӯзҳои 1 ва 2 июли соли 2022 21 кас кушта, 243 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Бештар аз 500 кас боздошт шуда буд.

Баъди он ҳодисаҳо аз тағйир додани мақоми Қарақалпоқистон даст кашиданд.

XS
SM
MD
LG