Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиёни сармои қаҳратунро ба сокинони Душанбе арзёбӣ мекунанд. ВИДЕО


Ҳаво дар моҳи январ дар Тоҷикистон то 20 дараҷа сард шуд.
Ҳаво дар моҳи январ дар Тоҷикистон то 20 дараҷа сард шуд.

Корхонаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба арзёбии зиёни сокинон аз сармои қаҳратуни моҳи январ, ки аз беобӣ ва вайрон шудани қубури обгузар шикоят доштанд, шуруъ кардааст.

Усмон Давлатзода, раиси корхонаи давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, рӯзи 3-юми феврал гуфт, новобаста аз омодагӣ, камбудҳо сар зад.

"Асосан дар соҳаи обу канализатсия буд. Мушкил дар баъзе қубури дохили биноҳои истиқоматӣ пеш омад. Хидматрасонии мо то назди биноҳо, яъне то қубури назди биноҳо аст. Қубуре, ки дар дохили биноҳо, дар таҳхонаҳо ҳастанд, аз ҷониби худи соҳибмулкон тибқи меъёрҳо васл карда нашудаанд, бино бар ин бисёртар дар чунин ҳолатҳо мушкил пеш омад," -- афзуд ӯ.

Раҳбари корхона иддао дорад, ки дар рӯзҳои сардӣ саривақт ба мушкили сокинон расидагӣ кардаанд, вале дар рӯзҳои сармо сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят мекарданд, ки ба мушкили обрасонӣ ва таъмири қубурҳо сари вақт расидагӣ намешавад. Айни чунин шикоятҳо аз сокинони Душанбе низ зиёд мерасид.

Баҳринисо Муқимова, сокини шаҳри Душанбе аз онҳоест, ки мегӯяд, дар хунукиҳои январ қубурҳои обгузарашон таркид, вале ба мушкилашон сари вақт расидагӣ нашуд, бино бар ин дар баландошёна рӯзҳо аз об маҳрум монданд.

Масъулони корхонаи “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” мегӯянд, ҳарчанд масъулияти таъмири қубурҳои дохили биноҳои истиқоматӣ бар дӯши онҳо нест, вале супориш гирифтаанд, дар рӯзҳои сард дар барқарорсозии қубурҳо ба сокинон кӯмак расонанд.

Зиёни сарморо ба сокинони Душанбе ҳисоб мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00

Тоҷиддин Исмоилов, сардори шӯъбаи таъмини об дар корхона садама ва дастгоҳҳои корношоямшудаи сокинонро сабт карда будааст. Вай афзуд, “ 660 қубури обгузари гуногунҳаҷм, 10 насоси обкаш, 4530 обченкунанак дар дохили ҳавлиҳоро барқарор карда, 364 садама ба қайд гирифтем."

Намояндагони корхонаи “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” мегӯянд, хизматрасонии бахши коммуналии шаҳри Душанбе дар масъулияти онҳо набуда, ба маҳаллаҳои берун аз пойтахт ва минтақаҳо хизматрасонӣ мекунанд.

Шикоятҳо аз вазъи дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва сатҳу сифати дигар хидматрасониҳои коммуналӣ аз масъалаҳест, ки пайваста аз забони сокинон садо медиҳад. Агар солҳои пеш сокинон одатан дар тобистон аз мушкили беобӣ мегуфтанд, ин камбуд дар зимистони имсола доғтар шуд.

Сардиҳо дар Тоҷикистон аз рӯзи 11 январ шуруъ шуд ва тақрибан ду ҳафта идома кард. Чунин вазъ дар баробари бахши комуналию дастрасӣ ба об, ба кишоварзону тоҷирон низ таъсир гузошт. Вале то ҳол омори дақиқи зиёни сардиҳо маълум нест ва барои муйян кардани ин, тавре мақомоти расмӣ гуфтаанд, комиссияи махсус ташкил шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG